22:12 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
3703 0 0

Шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи парвози чартерӣ тавассути ширкати ҳавонавардии "Узбекские авиалинии" аз Сеул дар Тошканд фуруд омаданд

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Дар Ӯзбекистон 12 шаҳрванди Тоҷикистонро пас аз фуруд омадан дар фурудгоҳ ба карантин фиритоданд, хабар медиҳад агентии Тоҷик.Та.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи парвози чартерӣ аз шаҳри Сеул озими Тошканд гардиданд.

Зимнан, агентии санитарӣ - эпидемиологии Ӯзбекистон дар робита ба карантин фаро гирифтани 12 тоҷикистонӣ мегӯяд, ин тасмим ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус, гирифта шудаст.

Дастури муовини сарвазир ба вазорату кумитаҳо: ситоди зидди коронавирус ташкил диҳед

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл дар Ӯзбекистон ҳамаи сарнишинони ҳавопаймои "Узбекские авиалинии", ки аз Сеул вориди фурудгоҳи Тошканд гардиданд, ба муддати ду ҳафта ба карантин фаро гирифта шуданд.

Дар ширкати ҳавонавардӣ гуфтаанд, ки дар умум 12 шаҳрванди Тоҷикистон, 20 шаҳрванди Русия, 18 қазоқистонӣ, ду шаҳрванди Қирғизистон, 1 ҳиндӣ ҳамроҳ бо 178 ӯзбекистонӣ ба карантин фиристода шуданд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан ҳукумати Ӯзбекистон ба хотири ҷилавгирӣ намудан аз паҳншавии маризии сироятии коронавирус, сарҳадашро бо Ҷумҳурии Афғонистон баст.

Ҳамзамон, авохири моҳи феврал, ширкати ҳавопаймоии ӯзбекистонӣ, парвозҳо самти Арабистони Саудӣ ва Кореяи Ҷанубиро мутаваққиф намуд.

Мавзӯъҳои асосӣ