11:23 04 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
451 0 0

Мақоми раиси иҷроия, ки дар Афғонистон баробар ба мансаби сарвазир аст, дар ҳошияи созишномаи тақсими ҳукумат соли 2014 ташкил дода шуд

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури тозаинтихоби Афғонистон мансаби раиси иҷроияро бекор кард, ки онро Абдуллоҳ Абдуллоҳ бар дӯш дошт. Дар ин бора телевизиони "Тулӯънюс" гузориш додааст.

Ёдрас мешавем, чанде пеш дар Афғонистон ду президент мароисими қасамёдкунӣ доир карданд ва эълон намуданд, ки ба курсии президентӣ менишинанд.

Ашраф Ғанӣ дар қасри президент қасам ёд кард ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки шикасташро дар интихобот эътироф намекард, ин маросимро дар қароргоҳи сарвазир баргузор намуд.

Интихоботи президентӣ дар Афғонистон 28 сентябр баргузор шуд. Бино бар натиҷаҳои пешакии интихобот, бештари овозҳо - 50,64 дар садро раисҷумҳури феълии кишвар ба даст овард.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҷои дувумро гирифта, 39, 52 дар сади овозҳоро ба даст овард. Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз натиҷаҳо изҳори норизогӣ кард ва талаб кард, ки овозҳоро бори дигар шуморанд.

Ғанӣ гуфт, Трамп ба ӯ занг заду изҳори боварӣ намуд

Аммо баъди баршумории овозҳо низ натиҷаҳо Абдуллоҳро қонеъ накарданд ва ӯ бар он буд, ки пирӯз дар интихобот ӯст.

Бояд қайд кард, ки симати раиси иҷроия дар Афғонистон, ки баробар ба мақоми нахуствазирӣ аст, соли 2014 дар ҳошияи созишномаи тақсимоти идораи давлат байни ду нафар созмон дода шуд.

Он замон низ Аббдуллоҳ ва ҷонибдоронаш натиҷаҳоро напазируфта буданд.

Мавзӯъҳои асосӣ