07:48 02 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.41
  • RUB0.15
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
2323 0 0

Дар Афғонистон аз як бемористоне дар Ҳирот дасти кам 48 афроди дардманд ба маризии коронавирус рӯ ба гурез ниҳодаанд

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Тамоми афроди мубтало ба маризии сироятии коронавирус аз бемористони маҳалли бистарии худ дар Ҳироти Афғонистон фирор карданд.

Ба гузориши хабаргузории "Садо ва симо", расонаҳои Афғонистон эълом карданд, ин афрод 48 нафар буданд.

Дар рӯзҳои гузашта ҳам шуморе аз афроди мубтало ба бемории коронавирус аз бемористонҳо дар Афғонистон фирор карда буданд.

То кунун даҳҳо нафар дар Афғонистон ба маризии коронавирус гирифтор мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки феълан дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон то ҳол ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

"Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, Чин (беш аз 80,8 ҳазор), Италия (беш аз 27,9  ҳазор), Эрон (беш аз 14,9 ҳазор), Испания (беш аз 9,9 ҳазор), Кореяи Ҷанубӣ (беш аз 8,3 ҳазор), Германия (беш аз 7,2 ҳазор), Франсия (беш аз 6,6 ҳазор), ИМА (беш аз 4,7 ҳазор), Швейтсария (беш аз 2,3 ҳазор) ва Британияи Кабир (беш аз 1,5 ҳазор) дохил мешаванд", -  таъкид шудааст дар гузориши ахири Созмони ҷаҳонии беҳдошт.

Ахиран Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳафтаи гузашта хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.

Ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 182 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 7,1 ҳазор нафар вафот карда, беш аз 79,8 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 6,1 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Мавзӯъҳои асосӣ