01:02 26 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.44
  • RUB0.15
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
542 0 0

Ҳаждаҳ шаҳрванди Тоҷикистон пас аз маҳдуд шудани парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия наметавонанд фурудгоҳи "Шереметево" - и Маскавро тарк кунанд

ДУШАНБЕ, 21 мар - Sputnik. Сафорати Тоҷикистон масъалаи дармондани шаҳрвандони Тоҷикистонро дар фурӯдгоҳи "Шеретево" ҳал мекунад, гуфт ба Sputnik ТОҷикистон сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов.

Шаби 20 март, Ҳукумати Тоҷикистон ба далели пешгирӣ аз интиқоли коронавирус ӣба Тоҷикистон, ҳамагуна парвозҳои байналмилалӣ, аз ҷумла аз Русия ба Тоҷикистонро қатъ кард.

Дар ин росто, аксари шаҳрвандони Тоҷикистон натавонистанд аз фурӯдгоҳҳои Маскав ба Ватан парвоз кунанд.

"Дар вазъияти мушкилтарин 18 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд, онҳо тариқи транзит парвоз кардавву дар фурӯдгоҳи "Шереметево" қарор доранд. Онҳо наметавонанд аз фурудгоҳ берун оянд ва табиист, ки мо бо онҳо дастрасӣ надорем. На ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва на фуудгоҳ онҳоро бо хӯрок таъмин намекунад", - шарҳ дод сафир.

Ба гуфти сафир феълан тақдири онҳо ҳал мешавад.

"Рӯзи дуюм аст, ки мо бо ВУХ Русия дар гуфтушунид ҳастем, то гузоранд онҳо аз фурӯдгоҳ берун оянд".

Эҳтимол меравад, ки барои ин шаҳрвандон як парвози вижаи дигар ба Тоҷикистон ташкил шавад.

Барчаспҳо:
ба таъхир гузошта шудани парозҳо, Имомуддин Сатторов, Душанбе, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ