16:52 25 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
563 0 0

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват кард, то дар вазъияти вазнин, ки имрӯз дар робита ба паҳншавии коронавирус дар ҷаҳон ҳукмфармост, оромиро аз даст надиҳанд

ДУШАНБЕ, 21 мар - Sputnik. Вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳҳои Маскав дармондаанд, таҳти назорат аст, изҳор дошт дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон сафири Тоҷикистон дар Русия, Имомуддин Сатторов.

Дар робита ба қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз шаби 20 март, қатъ кардани ҳамагуна парвозҳои байналмилалӣ, аз ҷумла аз Русия ба Тоҷикистон ба далели пешгирӣ аз интиқоли коронавирус, садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои Маскав дармонданд.

Тоҷикистон фурудгоҳҳоро ба рӯи парвозҳои байналмилалӣ баст: маслиҳати мақомот ба мардум

"Ин дурӯғ аст, ки гуиё касе чизе нашунида ва касе кумак намекунад. Сафорати Тоҷикистон аз вазъият бохабар аст ва дар ин самт чораҳои заруриро роҳандозӣ мекунад. Мо бо ҳамаи шаҳрвандонамон дар фурудгоҳҳои гуногун дар тамос ҳастем ва кӯшиш дорем ба онҳо кумак расонем", - гуфт сафир.

Дипломат қайд кард, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон кумак расонида шуд: қисме аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо ду хатсайри вижа аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" аз фурудгоҳи "Домодедово" ба Тоҷикистон интиқол дода шуданд. Феълан, мушкил сари мусофирони ширкаҳои ҳаопаймоии "ЮТейр" аз фурудгоҳи "Внуково" ва "Уральские авиалинии" аз "Жуковский" аст.

Хориҷиҳоро мебаранду худиҳоро меоранд: парвозҳои махсуси “Somon Air”-у “Tajik Air”

"Чун роҳи ҳавоӣ баста шуд, мусоифрон натавонистанд парвоз кунанд. Кормандони Сафорат ва дигар ниҳодҳои дахлдор дирӯз дар фурудгоҳ қарор доштанд ва бо намояндагони ширкати "ЮТэйр" мулоқот карданд. Ба мо кафолат доданд, ки маблағи ҳамаи мусофирон аз хариди чипта баргардонида мешавад, ё парвози онҳо ба моҳҳои дигар, замони аз сар гирифтани парвозҳо, гузаронида мешавад", - шарҳ дод сафир.

Дар робита ба мусофирон аз фурудгоҳи "Жуковский" низ вазъият чунин аст.

"Мусофирон ҳоло дар фурудгоҳ қарор доранд, Қисме чиптаҳояшонро бозгардониданду рафтанд, қисме ҳоло ҳамонҷоянд. Мо барои ба Ватан баргардонидани онҳо ҳамагуна имкониятро истифода мекунем. Ман дастур додам, ки ба онҳо хӯрок ва об оранд. Кормандони Сафорат онҳоро бо ҷои хоб таъмин мекунанд. Агар, фардо қарор қабул нашавад, онҳо бояд фурудгоҳро тарк кунанд. Муттаассифона илоҷи дигар нест", - илова кард Сатторов.

Ба гуфти ӯ ҳоло номаълум аст, чӣ гуна мушкил ҳал мешавад, вале гуфтушунид идома дорад.

"Мо бо ширкатҳои ҳавопаймоии "ЮТэйр" ва "Уральские авиалинии" ҳамешагӣ дар тамос ҳастем. Агар даст диҳад, ширкаҳо як парвозӣ ташкил хоҳанд кард. Ҳоло ин масъала ҳал нашудааст", - шарҳ дод Сатторов.

Ба вазъияти мушкил нигоҳ накарда сафир аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват кард, ки оромиро нигоҳ доранд.

"Мардум бояд дарк кунанд, ки ба чунин ҳолатҳои изтирорӣ бояд бо оромӣ бе воҳима назар кард. Ин вазъите нест, ки ҳамопаймо умуман парвоз намекунад. Ин ҷораҳои иҷборӣ аст, мардум бояд инро дарк кунанд. Роҳи дигари пешгирӣ аз коронавирусро инсоният ҳоло фикр накардааст. Ҳар як нафар бояд натанҳо дар фикри худ, балки дар бораи дигар инсонҳо низ фикр кунад. Набояд чунин вазъияти ногуворро муракабтар кард. Ин ҷо фаҳмиши оддӣ ва ҳиисси худмуҳофизаткунӣ лозим аст", - ёдоварӣ кард сафир.

Сатторов қайд кард, ки қарорҳои қабулшуда бояд шаҳрвандони ду кишварро аз коронавирус эмин нигоҳ доранд.

"Вазъият фавқуллода аст. Бояд роҳҳои ҳавоӣ ва заминиро баст ва ҳаракати мардумро маҳдуд кард. Шаҳрвандони мо бояд ин чизро дарк кунанд. Масъалаи будубош дар Русия ба нафъи муҳоҷирон ҳал шуд: Ҳукумат ва ВКД Русия эълом карданд, ки шаҳварндони хориҷӣ бе убури марз қонунан метавонанд патент ва иҷозаи иқоматашонро тамдид кунанд", - илова кард сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов.

Барчаспҳо:
ФР, баррасӣ, парвозҳо, Душанбе, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ