17:00 07 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.68
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
766 0 0

Сафи дардмандони коронавирус дар Ӯзбекистон рӯ ба афзоиш аст, ҳарчанд ҳукуматдорон тамоми чораҳо баҳри пешгирӣ аз паҳншавии онро андешида истодаанд

ДУШАНБЕ, 21 мар – Sputnik. Дар Ӯзбекистон боз 4 ҳолати нави гирифторшавӣ ба маризии сироятии коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Ҳамин тариқ, шумораи умумии дардмандони ин маризӣ дар Ӯзбекистон ба 37 нафар расид, хабар медиҳад ситоди фаврии назди дастгоҳи президент.

Бояд гуфт, ки нахустин ҳолати сироятёбии шаҳрвандони ин кишвар  ба коронавирус рӯзи 15 - уми март ошкор гардид. Ҷавонзани ӯзбек ҳамон рӯз аз Фаронса озими ватани худ шуд.

Чанде қабл мудири Агентии санитарӣ - эпидемиологӣ Баҳром Алматов дар мусоҳиба бо рӯзноманигор гуфта буд, ки нахустин гирифторони ин маризӣ аллакай шифо ёфта истодаанд ва вазъи саломатии боқимондаҳо, ки дар карантин қарор доранд, хуб арзёбӣ мешавад.

Дар маҷмӯъ ҳудуди 2,3  ҳазор нафар дар Ӯзбекистон ба карантин фаро гирифта шудаанд.

Шумораи дардмандони коронавирус дар Русия ба 253 нафар расид

Зимнан, дар робита ба хуруҷи ин маризӣ, Ӯзбекистон равобити ҳавоиро бо чандин кишварҳо баст ва ҳамзамон ба фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ низ маҳдудият ворид кард.

Ҳамзамон, баргузории ҷашни Наврӯз низ дар Ӯзбекистон манъ карда шуд.

Маризии сироятии коронавирус дар ҷаҳон беш аз 250 ҳазор нафарро дардманд намудааст. Теъдоди шифоёфтагон ба маротиб беш аст, аммо сафи қурбониён низ дар ҳоли афзоиш мебошад.

Мавзӯъҳои асосӣ