13:17 09 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (612)
1466 0 0

Муайян шудааст, ки суръати паҳншавии коронавирус дар Русия ба кишварҳои таҷрибадор - Испания, Олмон, Бритониёи Кабир ва Фаронса баробар аст

ДУШАНБЕ, 22 мар – Sputnik. Дар Русия чораҳои пешгирикунандаи паҳншавии коронавирус пурзӯртар мешавад, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба манбаъ дар Ҳукумати кишвар.

Бино ба гузориши манбаъ, ҳукумати Русия қасд дорад, чораҳои зидди паҳншавии коронавирусро пурзӯртар кунад ва ҳамаи ашхоси бо беморон алоқадоштаро муайян намояд.

Қайд мешавад, ки танҳо чунин чораҳо метавонанд зидди пандемияи коронавирус боасар бошанд.

Чипта 30 ҳазор рубл: "Сомон Эйр" тоҷикони дар Маскав дармондаро ба Ватан мебарад

Манбаъ қайд кардааст, ки суръати паҳншавии коронавирус дар Русия ба кишварҳои таҷрибадор - Испания, Олмон, Бритониёи Кабир ва Фаронса баробар аст.

"Русия бояд дар баробари кишварҳое, ки тавонистанд бо мувафаққият аз паҳншавии коронавирус пешгирӣ кунанд - Сингапур, Ҷопон, Куреи Ҷанубӣ, чораҳои қатъӣ андешад ва ашхоси алоқаманд бо мубталоёни коронавирусро дарҳол муайян ва ба карантин фиристад", - қайд кард ӯ.

Дар баробари ин қайд мешавад, ки Русия феълан барои мубориза бо паҳншавии коронавирус вақт дорад.

Сесад ҳазор бемор: омори охири маргу мир аз коронавирус дар ҷаҳон

"Барои қабули чораҳои қатъӣ, Русия таҷрибаи кишвраҳои хориҷ, оиди ба карантин фаро гирифтани беморон ва ашхоси бо онҳо алоқаманд, манъи баргузории барномаҳои оммавиро омӯхта истодааст", - қайд кард манбаъ.

Ба гуфти ӯ ҳукумат кӯшиш дорад мардумро аз худи вирус, тарзи паҳншавии он ва мубориза бо он огоҳ кунад.

Мақомоти Эрон теъдоди фавтидагон, мубталоён ва сиҳатёфтагон аз коронавирусро гуфтанд

Ёдрас мешавем, ки то имрӯз, 22 март дар Русия 306 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Дар умум дар ҷаҳон 310 ҳазор кас аз 188 кишвари ҷаҳон мубталои коронавирус буда, беш аз 13 ҳазор ҷон бохтаанд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (612)
Барчаспҳо:
вирус, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ