13:25 04 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
44001

Шаҳрвандони Ӯзбекистон барои напӯшидани ниқоб дар шаҳр 223 ҳазор сум (тақрибан 228 сомонӣ) ҷарима мешаванд. Дар сурати нақзи дубораи қонун маблағи ҷарима се баробар бештар - 669 ҳазор сумро ташкил хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 22 мар – Sputnik. Ҳукумати Ӯзбекистон барои гашту гузори бе ниқоби тиббии шаҳрвандон дар ҳудуди кишвар, расман ҷарима ҷорӣ кард, хабар медиҳад, Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба шабакаи телеграммии Koronavirus Info.

"Аз 23 мартгашту гузор бидуни воситаи худмуҳофизаткунӣ (ниқоби тиббӣ) дар саросари ҷуиҳурӣ манъ мешавад", - омадааст дар хабарнома.

Оғоз аз соати 06:00-и рӯзи 25 март барои нақзи ин қонун ба ҳисоби 223 ҳазор сум ва барои такроран вайрон кардани қонун 669 ҳазор сум ҷарима ҷорӣ мешавад.

Мақомоти Эрон теъдоди фавтидагон, мубталоён ва сиҳатёфтагон аз коронавирусро гуфтанд

Дар баробари ин хабар дода мешавад, ки аз 23 март ҳамаи гузаргоҳҳои кишвар (ба истиснои ҳаракати шаҳрвандони хориҷӣ) маҳдуд карда мешаванд.

Ҳамаи корхонаҳо ба кори фосилавӣ мегузурнд ва қисме аз кормандон ба таътили меҳнатӣ равон карда мешаванд.

Сесад ҳазор бемор: омори охири маргу мир аз коронавирус дар ҷаҳон

То имрӯз дар Ӯзбекистон 43 нафар гирифтори коронавирус шудааст.

Барчаспҳо:
вирус, ҷарима, Ӯзбекистон

Мавзӯъҳои асосӣ