16:07 25 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (409)
461 0 0

Бино ба додаҳои ситоди зудамали Русия дар давоми шабонарӯзи охир дар кишвар 61 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 22 мар – Sputnik. Шумораи гирифторони коронавирус дар Русия ба 367 нафар расид, хабар медиҳад ситоди зудамали кишвар.

Бино ба гузориши ин инҳод, дар давоми шабонарӯзи охир дар кишвар 61 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Мубталоёни нави коронавирус дар шаш минтақаи Русия пайдо шудаанд.

Ҳамин тавр, шумораи бештарини беморон дар шаҳри Маскав ба қайд гирифта шудааст.

Мувофиқи додаҳои манбаъ, дар Маскав 54 ҳолати нав, ду беморӣ дар вилояти Киров ва Удмуртия, як нафарӣ дар вилоятҳои Архангел, Брянск ва Новгород ба қайд гирифта шудааст. 

 

Роспотребнадзор қайд мекунад, ки тестҳои ватанӣ ҳассос буда даст медиҳад бо кумаки онҳо гирифторони вирус дарҳол маълум карда шавад.

Пандемияи коронавирус

Зуҳури коронавирус авохири моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин ба қайд гирифта шуду дарҳол дар дигар кишварҳо паҳн шуд.

Миёнаҳои моҳи март Созмони ҷаҳонии беҳдошт коронавирусро пандемия эълон кард.

 

Бино ба гузориши СҶБ то рӯзи 22 март дар 188 кишвари ҷаҳон беш аз 315 кас гирифтори коронавирус шудааст. Беш аз 13,5 ҳазор бемор фавтида ва наздики 96 ҳазор кас шифо ёфтааст.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (409)
Барчаспҳо:
гирифторон, вирус, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ