02:15 03 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.50
  • RUB0.15
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
1649 0 0

Раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин ба унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Наврӯз, номаи шодбошӣ фиристодааст

ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Дар номаи худ раисиҷумҳури Чин ба муносиботи дуҷонибаи Чин ва Тоҷикистон, аз ҷумла дар дастгириву мусоидати якдигар дар мубориза алайҳи эпидемияи COVID-19, баҳои баланд додааст.

Бино ба гузориши котиоти раисиҷумҳур, Си Ҷинпин аз Эмомалӣ Раҳмон барои табрикоти ҷашни Баҳор изҳори сипос кардааст.

"Иҷозат фармоед аз номи Ҳукумат ва мардуми Чин, инчунин аз номи худам ба муносибати фарорасии ҷашни анъанавии Тоҷикистон – ҷашни Наврӯз Шумо, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро табрик намоям".

Дар идомаи табрикоташ Ҷинпин мегӯяд, Чин ва Тоҷикистонро, ки кӯҳу дарёҳои муштарак ба ҳам мепайванданд, ҳамсоя ва дӯстони ба якдигар некхоҳ бо сатҳи баланди боварии тарафайн, инчунин шарикони боэътимоди дорои манфиатҳои муштарак ва барои ҷонибҳо судманд мебошанд.

"Ман ба сатҳи  муносибатҳои дуҷонибаи Чин ва Тоҷикистон, ки аз ҷумла дар дастгириву мусоидати якдигар дар мубориза алайҳи эпидемияи COVID-19 зоҳир мешавад, баҳои баланд медиҳам", - омадааст дар хабарнома.

Ҷинпин изҳори омодагӣ кардааст, ки тамосҳои доимии байни Чин ва Тоҷикистонро нигоҳ дорад.

Пандемияи коронавирус

Зуҳури коронавирус авохири моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин ба қайд гирифта шуду дарҳол дар дигар кишварҳо паҳн шуд.

На сулфаю на таби баланд: олимон нишонаи нави коронавирусро муайян карданд

Миёнаҳои моҳи март Созмони ҷаҳонии беҳдошт коронавирусро пандемия эълон кард.

Бино ба гузориши СҶБ то рӯзи 22 март дар 188 кишвари ҷаҳон беш аз 315 кас гирифтори коронавирус шудааст. Беш аз 13,5 ҳазор бемор фавтида ва наздики 96 ҳазор кас шифо ёфтааст.

Теъдоди мубталоён дар Чин 81 ҳазору 93 нафарро ташкил медиҳад, ҳарчанд коҳиши ҳолатҳои нав мушоҳида мешавад.

Барчаспҳо:
номаи шодбошӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Си Ҷинпин, Чин

Мавзӯъҳои асосӣ