10:59 02 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.21
  • EUR11.16
  • RUB0.13
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
2055 0 0

Пиразане, ки дар Ӯзбекистон ба сабаби коронавирус даргузашт, солҳои тӯлони аз марзии қанд, бемории қалб ва дигар бемориҳо табобат мегирифтааст

ДУШАНБЕ, 27 мар— Sputnik. Дар Ӯзбекистон як зани солхурда, ки мубтало ба коронавирус буд, дар бемористон даргузашт, дар ин бора ба Sputnik Ӯзбекистон дафтари матбуоти Вазорати тандурустии ин кишвар хабар дод.

“Санаи 26 март зани 72-сола аз Намангон ба бемористон оварда шуд. Тақрибан соати 23:00 ҳамон рӯз ташхиси лабороторӣ муйян кард, ки ин пиразан ба коронавирус гирифтор шудааст”, - таъкид доштанд дар вазорати тандурустӣ.

Зани солхӯрда гирифтори коронавирус аз духтари худ, ки аз Туркия 12 март баргашта буд, гирифтор шудааст. Духтари ин зан баъд аз бозгашт аз Туркия ба карантин гирифта шуд ва баъд аз ташхис, мубтало будани вай ба коронавирус тасдиқ шуд.

Тибқи итттилои вазоратитандурустии Ӯзбекистон зани солхӯрда солҳои тӯлони аз марзии қанд, бемории қалб ва дигар бемориҳо табобат мегирифтааст.

“Ҳарчанд пизикон кӯшиш карданд ӯро наҷот диҳанд, номбурда соати 4.30  ба сабаби сактаи қалб аз олам чашм пӯшид”, - гуфта шудааст дар хабари интишоркардаи вазорат

Аввалин ҳолати мубталошудан ба коронавирус дар Ӯзбекистон санаи 15 марти соли равон аз шаҳрванди ин кишвар, ки аз Фаронса баргашта буд, ошкор шуда буд. То имрӯз шумори гирифторон ба ин вирус ба 83 нафар расидааст.

Беш аз 28 ҳазор нафар зери карантин қарор гирифтаанд. Аз ҷумла 9,1 ҳазор нафар дар бемористонҳо ва марказҳои махсус нигаҳдорӣ мешаванд ва 18 ҳазор нафари дигар худҷудоӣ карда шудаанд.

Барчаспҳо:
табобат, беморхона, пиразан, даргузашт, вирус, Ӯзбекистон

Мавзӯъҳои асосӣ