Ҳукумат шаҳрвандонро аз фурудгоҳи "Шереметово" ройгон ба Тоҷикистон бурдааст

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкОграничение авиасообщения РФ с рядом стран из-за коронавируса
Ограничение авиасообщения РФ с рядом стран из-за коронавируса - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, шаҳрвандони дармондаи Тоҷикистонро дар фурудгоҳҳои "Жуковский", "Внуково" ва "Шереметово"-ро бо ғизо таъмин кардааст

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Тӯли ҳафтаи охир парвозҳои вижаи ширкатҳои ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" тавассути хатсайри Маскав — Душанбе анҷом дода шуда, шаҳрвандони Тоҷикистон аз фурудгоҳҳои "Домодедово", "Жуковский", "Внуково" ва "Шереметово" ба Ватан баргардонида шуданд.

Ограничение авиасообщения РФ с рядом стран из-за коронавируса - Sputnik Тоҷикистон
Сафир дар бораи тоҷикони дар "Шереметево" дармонда: гуфтушунид идома дорад

Тавре АМИТ "Ховар" бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад, бо мақсади ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки пас аз ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳо дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон дар робита ба паҳншавии коронавируси нав (COVID-19) пеш омад, аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон тадбирҳои зарурии фаврӣ андешида шуданд.

Бо назардошти он ки теъдоди муайяни шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаи транзитии фурудгоҳи "Шереметово"-и Маскав дармонда буданд, Сафорат дар ҳамкорӣ бо мақомоти соҳавии Русия, пеш аз ҳама, масоили расонидани кумаки тиббии фаврӣ, инчунин ғизо ва нушокӣ ба онҳоро таъмин намуд.

"Ҳамин тариқ, бо дастури Ҳукумати ҷумҳурӣ қисми зиёди шаҳрвандон аз фурудгоҳи "Шереметово" бинобар мушкилоти молиявиашон ба таври ройгон ба Тоҷикистон фиристода шуданд", - омадааст дар хабарнома.

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Саттроров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки "18 шаҳрванди Тоҷикистон дар вазъияти мушкил қарор доранд, чун тариқи транзит парвоз кардавву дар фурӯдгоҳи "Шереметево" дармонданд".

Чипта 30 ҳазор рубл: "Сомон Эйр" тоҷикони дар Маскав дармондаро ба Ватан мебарад

Ҳамчунин дар рӯзҳои мунтазирии шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои "Жуковский", "Внуково" ва "Шереметово", дар ҳамоҳангӣ бо Сафорат барои ҳамаи онҳо намудҳои гуногуни ғизо ва нӯшокӣ таъмин гардид.

В Шереметьево усилили санитарный контроль в связи с коронавирусом - Sputnik Тоҷикистон
Сатторов: ФР ва Тоҷикистон парвозҳои иловагӣ барои мусофирони дармондаро баррасӣ доранд

Қобили зикр аст, ки дар заминаи муносибатҳои бародаронаи Тоҷикистону Русия бо мақсади андешидани тадбирҳои фаврӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус аз ҷониби мақомоти соҳавии Русия якчанд маротиба намунаҳои тестӣ ва дигар маводи зарурии тиббӣ барои соҳаи тандурустии Тоҷикистон ҳамчун кумаки башардӯстона фиристода шуд.

Бо назардошти ҳолати душвори бавуҷудомада, ки ҳамаи ҷаҳонро фаро гирифтааст, бори дигар аз ҳамватанон хоҳиш мешавад, ки бо дарки масъулият тадбирҳои ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус андешидашудаи Ҳукумати мамлакати иқоматро комилан риоя намуда, оромиро нигоҳ доранд ва ба қадри имкон ҷойи зисти доимӣ ё муваққатии худро тарк накунанд.

Дар сурати ба миён омадани мушкилот ва дигар ҳолатҳои зарурӣ шаҳрвандон метавонанд ба таври шабонарӯзӣ ба намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Русия муроҷиат кунанд.

Лентаи хабарҳо
0