06:51 02 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.41
  • RUB0.15
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
18901

Мақомоти шаҳри Бухоро эълон намуданд, ки вуруди меҳмонон аз тамоми минтақаҳои Ӯзбекистон ба ин шаҳр комилан манъ карда шуд

Душанбе, 27 март - Sputnik. Сар аз имрӯз шаҳри Бухоро ба карантин меравад ва дарҳои ин шаҳр барои меҳмонон муваққатан баста мешавад, иттилоъ додааст Sputnik Ӯзбекистон дар истинод ба ҳокимияти ин шаҳр.

“Аз санаи 27 март тамоми даромадгоҳҳои шаҳри Бухоро барои тамоми навъи нақлиёт, аз ҷумла автобус, микроавтобус ва мошинҳои сабукрав, баста мешавад”, - гуфта шудааст дар иттилои ҳокимият.

Ҳамчунин омадурафт ба шаҳри Бухоро аз минтақаҳои атрофи шаҳр низ манъ шудааст.

Аммо мақомот таъкид намудааст, ки масдудияти ҳаракат ба мошинҳои боркаш рабт надорад.

Инчунин мақомот эълон намудааст, ки имрӯзҳо ба шаҳри кӣ метавонад ворид шавад.

Тибқи иттилои манбаъ, ба шаҳри Бухоро сокинони ин шаҳр, ки дар шиносномаашон сабти иқомат доранд, роҳбарият ва кормандони мақомоти давлатӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, пизишкон, ки дар Намангон фаъолият доранд, ҳамчунин шахсони масъул метавонанд вориди ин шаҳр шаванд.

Ёдрас мешавем, ки ахиран шаҳри Тошканд, Андиҷон, Намангон, Самарқан ва Гулистон барои карантин баста шуданд.

Дар Ӯзбекистон шумори гирифторон ба коронавирус рӯз аз рӯз дар ҳоли афзоиш аст. Тибқи иттилои ситоди фаврӣ, ахиран дар ин кишвар боз 10 ҳолати мубтало ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Дар ҳоли ҳозир теъдоди гирифторон ба ин вирис ба 83 нафар расид.

Ба шаҳрвандон тавсия дода шуд, ки дар хонаҳои худ бимонанд ва ба кӯчаҳо набароянд. Инчунин қоидаҳои сахт барои дар кӯчаҳо бо ниқоб гаштан эълон шуд. Барои риоя накардани карантин ҷазои ҷиноятӣ ва маъмурӣ пешбинӣ шудааст.

Барчаспҳо:
баста шуд, мақомот, меҳмонон, вуруд, манъ, Ӯзбекистон, Бухоро

Мавзӯъҳои асосӣ