15:23 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (420)
121800

Дар Ӯзбекистон теъдоди мубталоёни маризии коронавирус рӯ ба афзоиш аст. Феълан дар ин кишвар 104 нафар гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 28 мар— Sputnik. Дар Ӯзбекистон теъдоди марзони коронавирус афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон бо истинод ба Ситоди фаврии назди дастгоҳи раисҷумҳур.

Ба иттилои Ситоди фаврӣ, дар Ӯзбекистон боз 16 ҳолати нави сироятшавӣ ба маризии коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ки ҳамакнун сафи дардмандони ин беморӣ ба 104 нафар расидааст.

Гуфта мешавад, ҳолатҳои нави сироятшавӣ ба коронавирус дар шаҳрвандоне, ки тоза аз шаҳри Маскав озими Ӯзбекистон шуданд, ошкор гардидааст.

Эҳтимоли тамдиди истироҳати маскавиҳо дар робита ба паҳншавии коронавирус

Ҳамзамон ҳафт ӯзбекистонии дигар, ки аз Истамбул ба ватан баргаштанд, ба қарантин фаро гирифта шуданд.

Ёдовар мешавем, ки нахустин ҳолати сироятшавӣ ба коронавирус дар Ӯзбекистон 15 - уми март сабт шуд. Ин маризиро дар вуҷуди зани ӯзбек, ки аз Туркия баргашта буд, ошкор намуданд.

Бояд гуфт, ки дар Ӯзбекистон аллакай як нафар аз бемории коронавирус ба ҳалокат расидаст.

Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ, Тоҷикистон ягона давлатест, ки аз ин маризии даҳшатовар дар канор мондааст.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (420)
Барчаспҳо:
маризон, Маскав, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ