05:16 07 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (500)
1524 0 0

Қаблан раисҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба шаҳрвандони худ маслиҳат дода буд, ки барои пешгирӣ аз маризии коронавирус ҳазориспандро дуд кунанд

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Мақомоти Туркманистон роҳи муассири коҳиш додани сатҳи ваҳми мардум дар мавриди маризии коронавирус пешниҳод карданд, хабар медиҳад портали созмони бонуфузи байналмилалии Хабарнигорони бидуни марз.

Ҳукуматдони ин кишвар роҳи осони берун кардани ваҳм аз вуҷуди туркманҳоро пайдо намуданд. Минбаъд ба забон овардани калимаи коронавирус дар Туркманистон комилан манъ гардидаст.

Гуфта мешавад, ки ин калимаро ҳатто аз китобчаҳои махсусе, ки Вазорати тандурустӣ ба муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо, корхонаҳо ва ширкатҳои гуногун фиристода буд, пок намуданд.

Рухсатии донишҷӯёни Ӯзбекистон дар Суғд: то коронавирус нобуд нашавад дар хона бимонед

Ба гуфтаи намояндагони ин созмон, шаҳрвандонеро, ки дар хиёбонҳо дар ниқоб қадам мезананд ва дар бораи пандемияи глобалии коронавирус сӯҳбат мекунанд, ҳатто кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир карда метавонанд.

Тибқи маълумоти расмии мақомоти Туркманистон, дар ин кишвар то ҳол ягон ҳолати сироятшавӣ ба маризии коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Қаблан, раисҷумҳури ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов дар ҷараёни ҷаласаи ҳукумат ба шаҳрвандон тавсия дод, ки барои пешгирӣ аз коронавирус ҳазориспандро дуд кунанд.

Ба боварии Бердимуҳаммедов дуди ҳазориспанд ворид шудани вируси хатарнок ба бадани инсонро пешгирӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки шумораи умумии гирифторони  COVID-19 дар ҷаҳон марзи 786 ҳазор нафарро убур карда, тақрибан 38 ҳазор нафар фавтиданд ва зиёда аз 165 ҳазор бемор шифо ёфтанд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (500)

Мавзӯъҳои асосӣ