Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Дар Русия якбора шумораи мубталоёни коронавирус афзоиш ёфт

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкВ Москве введен режим самоизоляции для всех жителей
В Москве введен режим самоизоляции для всех жителей - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Танҳо дар давоми як шабонарӯз дар Русия ҳафт мубталои коронавирус ба ҳалокат расид. Дар умум то имрӯз 24 кас қурбони коронавирус гардид

ДУШАНБЕ, 1 апр - Sputnik. Дар давоми шабонарӯзи охир дар 35 минтақаи Русия 440 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст, хабар медиҳад маркази мубориза бо коронавируси Русия.

Денис Проценко - Sputnik Тоҷикистон
Сардухтури "Коммунарка" Денис Протсенко гирифтори коронавирус шуд

Ҳамин тавр, шумораи умумии гирифторони коронавирус дар Русия ба 2 ҳазору 777 нафар расида 1880 ҳолати он ба шаҳри Маскав рост меояд.

Шабонарӯзи охир бештари ҳолатҳои нави гирифторӣ ба коронавирус низ дар Маскав қайд шуда 45 касро ташкил дод.

Охирин омори ҷаҳонии гирифторони коронавирус : афзоиш дар ИДМ

Танҳо дар давоми як шабонарӯз дар Русия ҳафт мубталои коронавирус ба ҳалокат расид. Дар умум то имрӯз 24 кас қурбони коронавирус гардид.

Шумори гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон ба 172 нафар расид

Бояд гуфт то имрӯз аз коронавирус дар Русия 190 нафар шифо ёфтааст.

Лентаи хабарҳо
0