Тасдиқи ибтило ба коронавирус дар шаҳри Файзобод, маркази Бадахшони Афғонистон

© Sputnik / Tariq AzimКабул во время карантина
Кабул во время карантина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Бадахшони Афғонистон эълом кардааст, ки бо сабти аввалин мавриди мусбати коронавирус дар ин вилоят, раванди карантини шаҳри Файзобод маркази Бадахшон оғоз шуд

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Некмуҳаммад Назарӣ - сухангӯи волии Бадахшон рӯзи чаҳоршанбе хабар додааст, ки қарантина дар шаҳри Файзобод то се ҳафтаи оянда идома меёбад, иттилоъ додааст хабаргузории "Parstoday"

Производство масок на Иранской фабрике - Sputnik Тоҷикистон
Гузориши Эрону Афғонистон аз афзоиши гирифторони коронавирус

Вай афзуд, ғайр аз фурушгоҳҳои маводди ғизоӣ тамомии фурушгоҳҳо масдуд шуданд.

Сухангӯи волии Бадахшон ҳамчунин таъкид доштааст, ки агар касе аз қавонини карантин сарпечӣ кунад мутобиқи қонун бо ӯ бархурд мешавад.

Бино бар иттилои манбаъ, то кунун вилоятҳои Кобул ва Ҳарот ба сурати куллӣ, Балх ва шумори дигаре аз вилоятҳои Афғонистон ба сурати нисбӣ карантин шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Ваҳидулло Моёр, сухангӯи Вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон аз сабти 22 мавриди нави афроди мубтало ба бемории COVID-19  дар шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар хабар дод.

Ба гуфтаи вай, шумори афроди мубтало ба ин вирус ба 196 нафар расид.

Вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон шумори беҳбудёфтагонро панҷ нафар ва теъдоди афроди ҷонбохта бар асари ин бемориро чаҳор нафар эълом кардааст.

Лентаи хабарҳо
0