12:07 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
532 0 0

Муаррихони тоҷик омори марбут ба ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватаниро таҳти шубҳа қарор медиҳанд. Ба назари онҳо, теъдоди афроде, ки ба ҷангу ақибгоҳ сафарбар шуда буданд, бештар аст

ДУШАНБЕ, 4 апр - Sputnik. Ин ақида тавассути Ғафур Шерматов, муаррих ва рӯзноманигори низомӣ дар мизи гирди ихтисосӣ ба нақши Тоҷикистон дар пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 -1945, ки дар Маркази захираҳои СММ дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон баргузор шуд, баён гардид.

Ба гуфтаи вай, омори марбут ба ширкати сокинони Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки 75 сол вуҷуд дошт, ҷойи шакку тардид дорад.

"Вақте мегӯем 250 ҳазор нафар ба ҷабҳаҳои ҷанг эъзом шудаанд, бисёриҳо фаромӯш мекунанд, ки солҳои 1938, 1939, 1940 ва 1941 низ буданд. Чаҳор даъвате, ки ба сафи артиш анҷом шуданд. Агар онро хеле ҷиддӣ бигиред, пас беш аз 300 ҳазор нафар дар ҷабҳаи ҷанг буданд. Ин афрод то шурӯъи ҷанг дар сафи артиш хизмат мекарданд. Мутаассифона, омор фақат он аризаҳо, он мавориди эъзом ба ҷабҳаи ҷангро ҳисоб мекунад, ки аз 22 июни 1941 сар шудааст. Ва касоне, ки ҷангиданд, онҳое буданд, ки хидмати сарбозӣ мекарданд. Дар ҷанги Финляндияву Ҳолҳингол ҷангидаанд. Онҳо ҷое нарафтанд, дар артиш хидмат мекарданд. Мутаассифона, ҳеҷ кас ин оморро дар назар намегирад", - гуфт Ғафур Шерматов.

Ғафур Шерматов ҳамчунин дар бораи омори коргарони ақибгоҳ, ки дар корхонаҳо ва соири муассисоти логистикӣ машғул ба кор буданд, шакку тардид дорад.

"Аз Маскав то Урал! Дар корхонаи “Калибр”, корхонаи ба номи Масленников ва корхонаи ҳавонавардии Самара, Нижний Тагил, Новосибирск ва ғайра кор мекарданд... Ҳамеша теъдоди онҳоро 45 ҳазор нафар мегӯянд, аммо 45 ҳазори чӣ? Беш аз 60 ҳазор нафар ба он ҷо рафтанд ва кор карданд! Шахсе довталабона рафт, шахсе сафарбар шуд. Чунин як кӯмаки бузурге ба ҷабҳа буд. Ин ба рағми ин воқеият аст, ки ҷамъияти Тоҷикистон он замон ҳамагӣ 1 миллиону 300 ҳазор нафар буд", - гуфт муаррих ва рӯзноманигори низомӣ.

Абдулло Ғафуров, муовини мудири Институти таърихи Академияи улуми Тоҷикистон бо ӯ мувофиқ аст. Ба гуфта вай, дар он замон хидмати сарбозӣ чаҳор сол буд ва даъватшудагони солҳои 1938-1940 аллакай дар Артиши Шӯравӣ хидмат мекарданд ва ба таври худкор ба ҷанги артиши Ҳитлер рафта буданд.

"Ба унвони мисол, дар аввалин набард барои Брест, даҳҳо сарбози тоҷик ширкат кардаанд. Ё дар он замон ҳудуди 2 то 3 ҳазор донишҷӯи тоҷик, ки дар Русия таҳсил мекарданд, аз донишгоҳҳои худ ба ҷабҳаи ҷанг рафтаанд. Намунаи дигар, аввалин Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон Неъмат Қарабоев аст. Вай ин унвонро дар ҷанги Шӯравӣ ва Финляндия (1939 - 1940) дарёфт карда буд. Аз ин рӯ, оморҳои мавҷуд ҳанӯз комил нестанд. Ин бояд танзим шавад", - мегӯяд Абдулло Ғафуров.

Ба гуфтаи муаррихон, теъдоди ширкаткунандагони аз ҳисоб берунмондаи тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ тақрибан 50 ҳазор нафар аст. Бар асоси бойгонии Ҳизб коммунисти Тоҷикистон, 250 ҳазор сарбозу афсари кишвар ва ҳамчунин 45 ҳазор коргари ақибгоҳ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат кардаанд. Аз ин теъдод, беш аз 100 ҳазор нафар ба хона бознагаштанд. 56 ҳазор аз сокинони Тоҷикистон бо нишону медалҳои ҷангӣ қадрдонӣ шудаанд. Ба 54 тан аз онҳо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ эъто шудааст.

Барчаспҳо:
ҶБВ, ҶБВ, Тоҷикистон, ИҶШС

Мавзӯъҳои асосӣ