Шумораи мубталоёни вируси корона дар Қирғизистон ҳам афзуд

© Sputnik / Алехандро Мартинез Велез / Гузариш ба медиабонкМедицинский работник доставляет пациента на каталке, архивное фото
Медицинский работник доставляет пациента на каталке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шумори мубталоён ба вируси корона дар Қирғизистон имрӯз ба 228 нафар расид, ки аз ин теъдод то кунун 4 тан ҷони худро аз даст додаанд

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Вазири беҳдошти Қирғизистон эълом кард, ки панҷ ҳазору 48 нафар дар Қирғизистон бо афроди мубтало ба корона дар тамос будаанд, ки таҳти назар қарор доранд. 

Сотрудники медицинской службы в аэропорту Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Омодагии комили вилояти Суғд дар мубориза бо коронавирус: шарҳи мақомоти вилоят
Қирғизистон ҳудуди ду ҳафта пеш зимни эъломи вазъияти изтирорӣ дар се шаҳри аслии ин кишвар, Бишкек, Ӯш ва Ҷалолободро қарантина ва муқаррароти манъи омадушудро дар ин манотиқ иҷро кард. Ҳамчунин тадобири маҳаллии ҳолати изтирорӣ дар се вилояти ин кишвар эълом ва аз мардуми ин шаҳру манотиқ хоста шудааст, ки фақат барои мақосиди зарурӣ аз хонаҳои худ хориҷ шаванд. 

Ин дар ҳолест, ки имрӯз даҳумин солгарди Инқилоби мардумии апрел дар Қирғизистон аст ва барномаҳои солгарди инқилоб таҳти таъсири шуюъи корона қарор гирифтааст. 

Шоҳиён ва Ҳошимзода ба сокинони Бӯстон барои пешгирӣ аз коронавирус чӣ тавсия доданд?

Инқилоби соли 2010, ки ба таври расмӣ Инқилоби мардумии апрел номида мешавад, дар апрели соли 2010 ба сарнагунии Қурбонбек Боқиев, раисҷумҳури асбақи ин кишвар анҷомид. Дар пайи таҳаввулоти ин инқилоб танишҳои қавмӣ дар ҷануби ин кишвар байни қирғизҳо ва узбакҳо рӯй дод, ки ин хушунатҳо дар ниҳоят ба таҳкими низоми ҷадиди парлумонӣ дар Қирғизистон мунҷар шуд.

Лентаи хабарҳо
0