04:21 07 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
220 0 0

Бо ошкор шудани 10 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус дар Қирғизистон шумораи умумии дардмандон ба 280 нафар баробар шуд

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik.  Ситоди ҷумҳуриявӣ алайҳи мубориза бо COVID-19 шумори умумии дардмандонро ба 280 нафар арзёбӣ намудааст, хабар медиҳад РИА новости.

Ба иттилои манбаъ, дар давоми як шабонарӯз, дар Қирғизистон 10 ҳолати нави гирифторашвӣ ба коронавирус сабт гардидааст.

Манбаъ меафзояд, миёни сироятёфтагон ҳамчунин ду пизишк низ қарор доранд. Ҳамин тариқ, шумораи пизишкони гирифтори коронавирус дар Қирғизистон ба 34 нафар расид.

Алишер Абдукаримов: ман хурсандам, натиҷаҳои таҳлилҳои коронавирус манфӣ баромад - видео

Дар ҳамин ҳол, вобаста ба хуруҷи маризии коронавирус дар Қирғизистон ҳамоно вазъи фавқулода ҷараён дорад.

Ёдовар мешавем, ки як рӯз қабл дар Қирғизистон пас аз сирояти оммавии табибон як бемористони кӯдакона баста шуда буд. 

Дар умум дар Қирғизистн дасти кам се нафар пас аз гирифтор шудани ба коронавирус ба ҳалокат расиданд.

Барчаспҳо:
афзоиш, маризӣ, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ