01:49 03 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.50
  • RUB0.15
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
124 0 0

Гурӯҳи террористии Толибон давлати Афғонистонро ба монеатарошӣ дар музокироти сулҳ миёни афғонҳо муттаҳам кард

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Забиҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибон ахиран бо ишора ба тавофуқи ин гурӯҳ бо Амрико дар Қатар ва таъкид бар озодии зиндониёни “Толибон” бар асоси рӯйхатти ироашуда гуфт, ҳукумати Афғонистон дар ин бора баҳонаҷӯӣ мекунад ва замоне, ки ҳайати фаннии ин гурӯҳ аз Кобул ба Қатар бозгашт, иқдом ба озодии як идда аз зиндониёни номаълум кардааст, иттилоъ додааст, радиои Садои Хуросон.

Сухангӯи гурӯҳи Толибон гуфт, давлати Афғонистон бо эҷоди монеа дар раванди сулҳ дар пайи тахриби ин раванд ба думболи ҳалли масоил аз тариқ ҷанг аст.

Ин изҳороти сухангӯи гурӯҳи Толибон дар ҳолест, ки давлати Афғонистон ба манзури ҳусни ният ва умеди поёни ҷанг дар ин кишвар, 200 зиндонии Толибонро озод кард.

Дар ҳамин иртибот, Суҳейл Шоҳи, сухангӯи Дафтари сиёсии Толибон дар Қатар ахиран аз дидори намояндагони ин гурӯҳ ва Амрико дар Афғонистон хабар дод .

Барчаспҳо:
айбдор, сулҳ, музокирот, афғонӣ, монеа, Толибон, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ