Шумори ҷонбохтагон аз коронавирус дар Афғонистону Покистон афзоиш ёфт

© Sputnik / Tariq AzimКабул во время карантина
Кабул во время карантина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино бар оморҳои ахир шумори ҷонбохтагон ва мубталоён ба коронавриус дар Афғонистон ва Покистон афзоиш ёфт

ДУШАНБЕ, 18 апр – Sputnik. Вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон рӯзи ҷумъа эълом кард, ки 66 бемори ҷадиди мубтало ба коронаврикс дар шабонарӯзи гузашта дар ҳафт вилояти Афғонистон, аз ҷумла бистушаш нафар дар Кобул ва понздаҳ нафар дар Қандаҳор ба қайд гирифта шуд, иттилоъ додааст хабар гузории “Парс тудей”.

Дезинфекция  - Sputnik Тоҷикистон
Болотарин нишондоди марги ношӣ аз коронавирус дар Покистон

Тибқ иттилои манбаъ, шумории умумии мубталоён ба ин беморӣ дар ин кишвар ба 906 нафар расид.

Ваҳидуллоҳ Моёр, сухангӯи Вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон гуфт, дар шабонарӯзи гузашта чиҳилупанҷ бемори коронавриус беҳбуд ёфтаанд ва теъдоди онҳо ба 99 нафар расида, шумори фавтидагони ин вирус ҳамчунон 30 нафар аст.

Шумори мубталоён ба вируси корона дар Покистон ҳам тайи дувоздаҳ соати гузашта афзоиши чашмгире доштааст.

Расонаҳои Покистон эълом карданд, ки тайи дувоздаҳ соати гузашта 497 мавриди ҷадиди ибтило ба корона дар Покистон ба сабт расид то ҳамин тавр шумори мубталоён ба корона дар ин кишвар ба 7025 нафар расид.

Вазорати беҳдошти Покистон эълом кард, бо сабти ёздаҳ мавриди ҷадиди фавти ношӣ аз коронавирус, теъдоди қурбониёни ин вирус дар Покистон низ ба 135 нафар расидааст.

Лентаи хабарҳо
0