03:44 02 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.15
  • RUB0.13
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (756)
465 0 0

Мӯҳлати қарантин дар Ӯзбекистон мебоси фардо, 20 - уми апрел ба анҷом расад. Вале дар бастагӣ ба афзоиш ёфтани ҳолатҳои нави сироятшавӣ ба маризии коронавирус, қарантин акнун то 10 - уми май тамдид мешавад

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Қарантин дар Ӯзбекистон тамдид мешавад, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон бо истинод ба маълумоти Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ.

Ба иттилои манбаъ, қарор дар мавриди тамдид кардани мӯҳлати қарантин рӯзи 18 - уми апрел гирифта шуд.

СҶБ: Ноҳияи Ҷаббор Расулов аз сабаби коронавирус қарантин нашудааст

Қаблан, бар тибқи гузоришҳо, мӯҳлати қарантини эълонгардида, фардо рӯзи 20 - уми апрел бояд ба анҷом мерасид.

Намояндагони Комиссияи махсус бар ин назаранд, ки танҳо риояи режими хонашинӣ ва тамдиди қарантин, роҳи ягонаи пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус мебошад.

Коронавирус дар Ӯзбекистон

Дар Ӯзбекистон ахиран 19 ҳолати нави дигари мубталоёни коронавирус ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурусстии ин икшвар.Тибқи омор, шумораи умумии мубталоён ба коронавирус ба 1490 нафар расидааст.

"То 18 апрели соли 2020, соати 19-и шаб дар Ӯзбекистон шумораи ҳодисаҳои сирояти коронавирус 1469 нафар баробар шуд", - гуфт Вазорати тандурустии ин кишвар.

Ҳамчунин аз ин беморӣ дар ин кишвар панҷ нафар ҳалок ва 194 тани дигар шифо ёфтаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир беш аз 90 ҳазор дар қарантина қарор доранд. Дар хориҷи Ӯзбекистон бошад 73 шаҳрванди ин кишвар ба коронавирус гирифтор шудааст, ки бештараш дар Русия буда ба 42 ҳолат мерасад.

Барои табобат ва маслиҳат барои пешгирии ин беморӣ рӯзи гузашта ба ин кишвар як гурӯҳи 15 нафарии табибони чинӣ омаданд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (756)
Барчаспҳо:
Ӯзбекистон

Мавзӯъҳои асосӣ