02:56 03 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.50
  • RUB0.15
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (474)
134410

Як гурӯҳи пизишкони Чин бо ҳадафи кӯмак ба Ӯзбекистон, барои мубориза бо коронавирус вориди Тошканд, пойтахти Ӯзбекистон шуданд

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Ба Ӯзбекистон аз Чин, ҳамроҳ бо 15 пизишк, васоили пизишкии эҳдоии ин кишвар, шомили ниқобҳои пизишкии муҳофизатӣ, дастгоҳҳои кӯмаки танаффусӣ ва либосҳои муҳофизи пизишкӣ ва бастаҳои тести коронавирус ва бархе васоили дигар низ ба Тошканд мунтақил шудааст.

Бино бар иттилои хабаргузории "Парстудей", коршиносони ин тими пизишкӣ, мутахассисони заминаҳои гуногун, аз ҷумла вирусшиносӣ, хурӯҷшиносӣ, тибби суннатии Чин, муроқибатҳои вижаи бемористонӣ ва назорати уфунати бемористонӣ аз чандин бемористони Чин ҳастанд.

Ин тими пизишкӣ ҳамчунин хадамоти пизишкӣ ба чиниҳои муқими Ӯзбекистон ироа хоҳад дод.

Дар ҳоли ҳозир дар Ӯзбекистон беш аз 90 ҳазор нафар дар қарантина қарор дорад. Ҳукумати Ӯзбекистон муҳлати қарантинаро то 10 май тамдид кард.

Тибқи оморҳои охирин мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон дар ҳоли афзоиш буда ба 1543 нафар расидааст.

Ҳамчунин аз ин беморӣ дар ин кишвар панҷ нафар ҳалок ва 225 тани дигар шифо ёфтаанд, ки 31 тои ин танҳо ба имрӯз рост меояд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир беш аз 90 ҳазор дар қарантина қарор доранд. Дар хориҷи Ӯзбекистон бошад 73 шаҳрванди ин кишвар ба коронавирус гирифтор шудааст, ки бештараш дар Русия буда ба 42 ҳолат мерасад.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (474)
Барчаспҳо:
пизишкон, вирус, пойтахт, Тошканд, мубориза, кӯмак, Чин, Ӯзбекистон

Мавзӯъҳои асосӣ