01:50 03 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.50
  • RUB0.15
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
1214 0 0

Ҷангҷӯёни Толибон ба минтақаи Хоҷаи Ғор, ки дар наздикии марзи Тоҷикистон воқеъ аст ҳамла карда, 19 муборизи мардумиро куштанд

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Ҷангҷӯёни Толибон дубора дар минтақаи марзии Тоҷикистон бо неруҳои давлатии Афғонистон даргир шуданд, иттилоъ додааст хабаргузории “Садои Хуросон” дар истинод ба шабакаи аввали телевизиони миллии Афғонистон.

Бино бар иттилои манбаъ, даргирии неруҳои давлатӣ бо ҷангҷӯёни Толибон ба наздикии минтақаи марзии Афғонистон бо Тоҷикистон расидааст.

Аз таҳсил дар донишгоҳи Тоҷикистон то сулҳ бо Толибон: мусоҳибаи Ато Муҳаммади Нур

Муҳаммадҷаводи Ҳиҷрӣ, сухангӯи волии Тахор, хабар додаст, ки шаби гузашта дар минтақаи Хоҷаи Ғор дар марзи Тоҷикистон, 19 муборизи мардумӣ кушта шуданд.

Ҳиҷрӣ таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир неруҳои давлат ба ин минтақа равона шуданд ва авзоъ таҳти контроли неруҳои амниятӣ аст.

Толибон ҳукумати Афғонистонро ба монеатарошӣ дар музокироти сулҳ айбдор кард

Бояд қайд кард, ки Афғонистон ва Тоҷикистон 1400 километр марзи муштарак доранд.

Барчаспҳо:
марз, мубориза, куштанд, Тоҷикистон, Толибон, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ