Нигаронии ЮНИСЕФ: 700 ҳазор кӯдаки афғон ба норасоии ғизо рӯ ба рӯ шудааст

© Sputnik Уровень бедности в Афганистане составляет в среднем 35,8%
Уровень бедности в Афганистане составляет в среднем 35,8% - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сандуқи кӯдакони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) аз ранҷ бурдан ва норасоии ғизо барои ҳафтсад ҳазор кӯдаки афғон ибрози нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 24 апр – Sputnik. Ба гузориши Сандуқи кӯдакони Милали Муттаҳид, бо истинод ба гузориши Барномаи ғизоии ҷаҳон эълом кард, Афғонистон бо доштани беш аз ёздаҳ миллион кӯдак, аз назари норасоии ғизо дар радаи севуми кишварҳои ҷаҳон қарор дорад ва садҳо ҳазор кӯдак дар ин кишвар мубтало ба сӯитағзияи шадид ҳастанд, ки ба кумаки фаврӣ ниёз доранд.

Дети сидят на солнце в своем доме в Кабуле, Афганистан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
СММ: Афғонистон – маргбортарин кишвар барои кӯдакон дар ҷаҳон аст

Хабаргузории “Парстудей” таъкид кардааст, ки тибқи гузориши мазкур теъдоди кӯдакони мубтало ба сӯитағзия дар Афғонистон дар соли 2019 бо биступанҷ дарсад афзоиш ёфта, нисбат ба як соли қабл аз он, ба дувуним миллион нафар расидааст.

Дар гузориши барномаи ғизоии ҷаҳон, Яман дар радаи аввал, ҷумҳурии демократии Конго дар ҷойгоҳи дувум ва Афғонистон дар ҷойгоҳи севум қарор гирифтааст.

Ҳамчунин Венесуэла, Эфиопия, Судони Ҷанубӣ, Сурия, Нигерия ва Гаити ба тартиб дар ҷойгоҳи чаҳорум то даҳум қарор гирифтаанд.

Лентаи хабарҳо
0