Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Эрон ба пирӯзӣ наздик шуд: 71 ҳазор нафар аз коронавирус шифо ёфт

© AFP 2023 / -Женщина в Тегеране на фоне рисунка флага на стене
Женщина в Тегеране на фоне рисунка флага на стене - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, то кунун 70 ҳазор ва 933 нафар аз мубталоён ба коронавирус беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд

ДУШАНБЕ, 28 апрел – Sputnik. Киёнуш Ҷаҳонпур, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати  беҳдошти Эрон ахиран дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт дар дар 24 соати ахир дар Эрон 991 бемори ҷадид ба қайд гирифта шуд, иттилоъ додааст Садои Хуросон.

Женщина возле мечети Имамзаде Салех, Иран - Sputnik Тоҷикистон
Шифо ёфтани 70 ҳазор гирифтори коронавирус дар Эрон

Эрон: шумори фавтидагон аз коронавирус коҳиш ёфт

Ба иттилои вай, дар ҳоли ҳозир, шумори умумии беморони коронавирус дар Эрон ба 91 ҳазор ва 472 нафар расидааст.

Ҷаҳонпур афзуд, имрӯз пас аз 36 рӯз, теъдоди мавориди  ҷадид ё ибтилои рӯзона ба Ковид- 19 дар кишвар ба камтар аз ҳазор маврид расид.

Эрон эълон кард дар кишвар наздик ба 65 ҳазор нафар аз коронавирус шифо ёфт

Раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти  Эрон ҳамчунин гуфт дар 24 соати ахир мутааcсифона фавти 96 нафар ба қайд гирифта шуд, фавти ношӣ аз вируси корона дар Эрон ба 5 ҳазору 806 нафар расидааст.

Лентаи хабарҳо
0