13:05 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (494)
945 0 0

То соати 10:00 - и санаи 6 май дар Ӯзбекистон 2217 маризи коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Шабонарӯзи гузашта мубтало шуани 10 шаҳрванди дигар ошкор шуд

ДУШАНБЕ, 6 мая — Sputnik. Дар Ӯзбекистон 10 ҳолати нави гирифторшавӣ ба маризии коронавирус ошкор гардид. Бар хабари Вазорати тандурустии ин кишвар, ҳамакнун теъдоди умумии маризон ба 2217  нафар расид.

"То соати 10:00 - и санаи 6 май дар Ӯзбекистон 2217 бемори вируси COVID - 19 сабт гардидааст", - омадааст дар хабар.

Манбаъ меафзояд, ки як рӯз қабл 18 ҳолати нави гирифторшавӣ ва ду рӯз пеш 40 мавориди олуда шудани шаҳрвандони Ӯзбекистон ба ин дард ошкор гардида буд.

Қобили зикр аст, ки дар робита ба хуруҷи ин маризӣ, ҳукумати Ӯзбекистон сар аз 1 - уми апрел дар сартосари кишвар режими хонашиниро ҷорӣ кард. Ҳамчунин барои нафарони аз 65 - сола боло, баромадан аз хона ва сайру гашт намудан дар берун қатъиян манъ кара шуд.

Беш аз ҳазор дардманди коронавирус дар Ӯзбекистон шифо ёфт

Зимнан, сар аз 30 - юми апрел маҳдудиятҳо андаке сабуктар шуданд ва акнун баромадан ва сайру гашт намудан дар наздикии манзили зист иҷозат дода шуд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (494)
Барчаспҳо:
маризон, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ