17:28 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
88610

Вазорати тандурустии Эрон эълом кард, ки то кунун 81 ҳазору 587 нафар аз мубталоён ба корона дар кишвар беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо ҷавоб дода шудаанд

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Қиёнуши Ҷаҳонпур, раиси маркази Равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати тандурустии Эрон ахиран дар шаҳри Теҳрон ба  хабарнигорон гуфт дар 24 соати гузашта, ҳазору 680 бемори нав ба қайд гирифта шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба радиои бурунмарзии Садои Хуросон.

Ҳамзамон оқои Ҷаҳонпур афзудааст, ки то кунун дар Эрон  101 ҳазору 650 нафар ба вируси  корона мубтало шудаанд.

Инчунин Киёнуши Ҷаҳонпур таъкид доштааст, ки дар 24 соати ахир фавти 78 нафар ба қайд гирифта шудааст.

Дар маҷмӯъ шумори фавтидагон дар Эрон аз вирус корона ба 6 ҳазору  418 нафар расидааст.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш мудири равобити умумии Донишгоҳи улумпизишкии Машҳад аз омодагии ин донишгоҳ барои омӯзиши роҳҳои пешгирӣ ва муқобила бо корона ба пизишкони Тоҷикистон хабар дод.

Доктор Ҳамидризо Раҳимӣ, мудири равобити умумии Донишгоҳи улумпизишкии Машҳад гуфт, ин донишгоҳ ба унвони масъули калони минтақаи 9-и омӯзиши пизишкӣ дар Эрон омодагӣ дорад то дар заминаҳои мухталиф, неруҳои пизишкӣ ва дармонии Тоҷикистонро омузиши диҳад.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон, бемор, беҳбуд бахшидан, Вазорати тандурустӣ, ҷавоб, бемористон, вирус, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ