Мақомоти Эрон: марг аз вируси корона коҳиш ёфт, аммо сироятёбӣ рӯ ба афзоиш аст

© REUTERS \ WANAМужчина на автобусной остановке в Куме, Иран
Мужчина на автобусной остановке в Куме, Иран - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати беҳдошти Эрон эълон кард, то кунун аз миёни 109 ҳазор нафар аз мубталоён ба вируси корона дар кишвар, 87 ҳазору 422 нафар беҳбуд ёфта аз бемористонҳо мураххас шудаанд

ДУШАНБЕ, 12 май – Sputnik. Киёнуш Ҷаҳонпур, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилорасонии Вазорати беҳдошти Эрон ахиран дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар Эрон, таъкид кард, ки дар 24 соати гузашта 1683 бемори ҷадид ошкор шуд, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей"

Жители Тегерана в медицинских масках на одной из улиц города - Sputnik Тоҷикистон
Эрон омори охирро эълон кард: беш аз 86 ҳазор нафар аз вируси корона шифо ёфтанд

Вай афзуд, то кунун 109 ҳазору 286 нафар дар Эрон ба вируси корона мубтало шудаанд.

Ҷаҳонпур ҳамчунин гуфт, мутаасифона дар Эрон дар 24 соати ахир фавти 45 нафар сабт шудааст.

Тибқи иттилои вай то кунун аз вируси корона дар кишвар 6 ҳазору 685 нафар фавтидааст.

Раиси маркази равобити умумӣ ва иттилорасонии Вазорати Беҳдошти Эрон бо баёни ин, ки то кунун беш аз 600 ҳазор озмоиши ташхиси КОВИД-19 дар озмоишгоҳҳои кишвар анҷом шудааст, хотирнишон шуд, ки камтар аз 30 дарсад мавориди ҷадид аз бистарии бемористонӣ ва ҳудуди 70 дарсад маворид аз афроде аст, ки ба сурати сарпоӣ ҳастанд ва алоими хафиф доранд.

Лентаи хабарҳо
0