Хоманаӣ: Ғарб дар озмуни ҷаҳонии муқобила бо вируси корона шикаст хурдааст

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкДуховный лидер Ирана аятолла Сейед Али Хаменеи. Архивное фото.
Духовный лидер Ирана аятолла Сейед Али Хаменеи. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Оятуллоҳ Сейид Алӣ Хоманаӣ, раҳбари Эрон гуфт, ки Ғарб дар озмуни ҷаҳонии муқобила бо вируси корона шикаст хурдааст

ДУШАНБЕ, 12 май – Sputnik. Вай ин матлабро рӯзи гузашта дар иртиботи тасвирӣ (видеоӣ) бо ситоди миллии мубориза бо вируси корона, ки бо ҳузури Раиси ҷумҳур, вазирон, аъзои ситод ва 31 устондори кишвар баргузор шуд, баён кард, иттилоъ додааст хабаргузории Форс.

Самолет авиакомпании Mahan Air  - Sputnik Тоҷикистон
Фаврӣ: ҳавопаймо аз Машҳади Эрон бо таҷҳизоти пизишкӣ ба самти Душанбе парвоз хоҳад кард

Дар Эрон шумори мубталоён ба коронавирус боз афзоиш ёфт

Хоманаӣ бо ишора ба нокомӣ ва шикасти Ғарб дар озмуни ҷаҳонии муқобила бо вируси корона гуфт, ғарб ва ғарбзадагон намехоҳанд ин шикаст дида шавад, аммо лозим аст то андозаву мизони ин нотавонӣ баррасӣ ва баён шавад, зеро интихоб сарнавишти муҳимми миллатҳо ба ин огоҳиҳо бастагӣ дорад.

“Вируси корона дар Амрикову Аврупо дар муқоиса бо дигар кишварҳо дертар паҳн шуд, яъне ин кишварҳо имкон доштанд худро барои муқобила бо ин вирус омода кунанд, аммо ба таври бояду шояд аз анҷоми ин кор набаромаданд. Омори болои мубталоён ва фавтшудагон дар Амрико ва баъзе кишварҳои аврупоӣ ва мушкилоти гуногуни мардуми ин кишварҳо, аз ҷумла бекорӣ, нотавонии онҳоро исбот мекунад”, - таъкид дошт раҳбари Эрон дар робита ба “нокомии тавоноиҳои мудириятии Ғарб.

Оятуллоҳ Хоманӣ инчунин "фалсафаи иҷтимоии Ғарб" - ро шикастхурда хонд.

Вай афзуд, рӯҳ ва муҳтавои фалсафаи иҷтимоӣ дар Ғарб бар пояи моддиёт ва пул устувор аст. Ба ин далел аст, ки онҳо ба солмандон, афроди мариз ва бепул, ки ба бемории корона гирифтор шудаанд, беэътиноӣ карданд. Чаро ки онҳо имкони ба даст овардани пул ва эҷоди моддиётро надорад ва бо ин сабаб шумораи зиёде аз онҳо дар хонаҳои пиронсолон ҷон бохтанд, ки ин воқеият шикасти фалсафаи иҷтимоии Ғарбро низ ошкор мекунад.

Раҳбари Эрон бо ишора ба ҳуҷуми мардум ба мағозаҳо ва бархе иқдомоти манфии дигар, таъкид кард, ки “Буҳрони вируси корона нокомии ахлоқи иҷтимоии Ғарбро низ ба намоиш гузошт”.

Мужчина на автобусной остановке в Куме, Иран - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Эрон: марг аз вируси корона коҳиш ёфт, аммо сироятёбӣ рӯ ба афзоиш аст

Хоманаӣ амалкарди миллати Эронро дар мубориза бо вируси корона ҳаракати азим ва ифтихоромез хонд ва аз заҳматҳои шабонарӯзии бахши пизишкӣ, ниҳодҳои мухталиф ва гурӯҳҳои довталаб ташаккур кард.

Раҳбари Эрон талошҳои илмӣ ва таҳқиқотии марказҳои донишгоҳӣ ва бархе ширкатҳои донишбунёни кишварро дар робита ба муайян кардани хусусиятҳои ин вирус, пайдо намудани ваксин ва доруи зидди он, боиси ифтихор тавсиф кард.

Вай барномарезӣ ва мудирияти Ситоди миллии мубориза бо вируси корона ва Вазорати беҳдошти Эронро хеле хуб хонд ва таъкид кард, ки “ин ифтихори миллӣ бояд сабт шавад”.

Лентаи хабарҳо
0