17:25 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
838 0 0

Шаҳрдорони Теҳрон ва Кобул дар гуфтугӯи тасвирии онлайн бар зарурати интиқоли таҷрибаҳои ду пойтахт дар заминаи муқобила бо вируси корона таъкид карданд

ДУШАНБЕ, 16 мая — Sputnik. Пирӯзи Ҳиночӣ, шаҳрдори Теҳрон рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯи маҷозӣ бо Муҳаммаддовуд Султонзей, шаҳрдори Кобул, иртибототи наздик ва забону фарҳанги муштарак байни Эрону Афғонистонро дар равобити Теҳрон ва Кобул бисёр муассир донист, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Ҳиночӣ афзуд, ҳамкорони афғони бисёре дар шаҳрдории Теҳрон машғули фаъолият ҳастанд, ки дар дидорҳои расмӣ ҳамвора аз заҳамоти онҳо ташаккур шудааст.

Шаҳрдори Теҳрон гуфт, вируси корона нишон дод, ки аз марзҳои қарордодӣ ва сиёсии кишварҳо пайравӣ намекунад ва ҳамаи мардуми саросари ҷаҳон мусофирони як киштӣ ҳастанд.

Ҳиночӣ ҳамчунин пешопеш иди саиди Фитрро ба шаҳрдори Кобул табрик гуфт ва аз ӯ хост, саломи шаҳрдори Теҳронро ба кобулиҳо бирасонад.

Муҳаммаддовуд Султонзей, шаҳрдори Кобул низ дар ин гуфтугӯи маҷозӣ гуфт, мардуми Афғонистон аз Теҳрон хотироти бисёр ширину неке доранд.

Шаҳрдори Кобул аз тамоми шаҳрдорони ҷаҳон хост, нигоҳи инсонии худро бо Афғонистон ба иштирок бигузоранд.

Вай афзуд, Теҳрон дастовардҳое дорад, ки шаҳрдории Кобул хоҳони истифода аз таҷрибаҳои арзандаи он аст.

Муҳаммаддовуд Султонзей, шаҳрдори Кобул аз ҳамтои теҳронии худ хост то баъд аз поёни буҳрони корона ба Кобул сафар кунад.

Барчаспҳо:
таҷриба, вирус, Кобул, Теҳрон, интиқол, Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ