19:43 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
144920

Донишмандони ҳуҷайраҳои бунёдии Эрон муваффақ шуданд давраи дармони бемории КОВИД-19-ро ба шаш рӯз коҳиш диҳанд

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik.  Коҳиши тули дармони бемории КОВИД-19 ба шаш рӯз, бо баҳрагирӣ аз фаровардаҳои ҳуҷайраҳои бунёдӣ дар як ширкати эронӣ дар муддати камтар аз се моҳ касб шудааст, ки таҳаввули муҳимме дар дармони беморони мубтало ба коронавирус хоҳад буд, иттилоъ  додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.

То пеш аз дастоварди донишмандони эронӣ, беҳбудии беморони КОВИД-19 аз ду то ҳашт ҳафта тул мекашид.

Коронавирус, ки омили бемории сироятии КОВИД-19 аст охирҳои соли гузашта (2019) дар шаҳри Ухани Чин шиносоӣ шуд.

Ҳам акнун тамомии кишварҳои ҷаҳон даргири муқобила бо коронавирус ҳастанд.

Теъдоди афроид мубтало ба коронавирус дар ҷаҳон ба беш аз чаҳор миллиону 800 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод камаш 316 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода ва ҳудуди як миллиону 860 ҳазор нафар низ пас аз беҳбудӣ аз бемористонҳо ҷавоб дода шуданд.

Барчаспҳо:
коҳиш, бемор, дармон, муваффақият, дастовард, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ