00:16 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
218 0 0

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт эълон намудааст, ки Эрон дар тӯли ҳафтаҳо ва моҳҳои гузашта, пешрафти бисёр хубе дар заминаи назорати бемории Covid-19 доштааст

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Кристоф Ҳамелман, намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Эрон рӯзи душанбе дар ҳошияи 73-умин Маҷмаи ҷаҳонии саломат, ки ба сурат видеоконфронс баргузор шуд, бо баёни ин матлаб таъкид кард, акнун ҳеҷ мушкиле дар ин замина дар Эрон вуҷуд надорад ва беморон хадамоти тахассусии мавриди ниёзро дарёфт мекунанд, иттилоъ додоааст хабаргузории “Парстудей”.

Хабари умедбахш пас аз 70 рӯзи мубориза бо коронавирус дар Эрон

Вай бо ишора ба кумакҳои Созмони Милал ва ожонсҳои вобаста ба ин ниҳод аз ҷумла Созмони Ҷаҳони Беҳдошт, ба Эрон, хотирнишон кард, акнун Эрон бо афзоиши зарфияти тавлиди дохилӣ дар заминаи либосҳои ҳифозатӣ, моск ва таҷҳизоти пизишкӣ, аз ҷумла  дастгоҳҳои кумактанаффусӣ ва ҳатто содироти бастаҳои ташхисӣ рӯбарӯ аст.

“Муваффақият дар ин замина дар марҳалаи аввал ба мизони талош барои ҷилавгирӣ аз шуюи ин вирус бо иқдомоти пешгирона ва дар пеш гирифтани усули беҳдоштӣ бастаги дорад. Гоми дувум шиносоии мубталоён ба корона ва талош барои наҷоти афрод аст. Дар марҳалаи сеюм низ муҳиммтарин иқдом эҷоди фосилаи иҷтимоӣ ва қарантини афроде аст, ки машкук ба бемории Covid-19 ҳастанд”, - намояндаи СҶБ.

Ҳамзамон вай афзуд, ки ин се марҳала дар Эрон бо таъйиди Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт бо муваффақият иҷро ва пайгирӣ шудааст.

Барчаспҳо:
вирус, назорат, пешрафт, Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ