13:01 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
239 0 0

Вазорати беҳдошти Эрон эълом кард, то кунун 98 ҳазору 808 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо ҷавоб дода шудаанд

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон имрӯз дар гуфтугӯ бо хабарнигорон охирин омори мубталоён ба вируси корона дар Эронро эълон кард, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".

Ба гуфтаи вай, дар 24 соати ахир дар Эрон 2 ҳазору 346 бемори нав шиносоӣ шудааст.

“Аз байни мубталоёни нав, 457 маврид бистарӣ ва ҳазору 889 маврид бемори сабук ва аз афроди дар тамос бо мубталоён буданд, ки шиносоӣ шуданд”, -афзуд Ҷаҳонпур.

Ҳамзамон вай таъкид дошт, ки то кунун бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 126 ҳазору 949 нафар дар Эрон ба вируси корона мубтало шудаанд.

Раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон ҳамчунин қайд кард, ки дар 24 соати ахир фавти 64 нафар ба қайд гирифта шудааст, ҳамин тавр шумори умумии нафарони фавтида аз вируси корона дар Эрон ба 7 ҳазору 183 нафар расидааст.

Барчаспҳо:
омор, бемористон, ҷавоб, вирус, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ