07:17 04 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (591)
1673 0 0

Дар Ӯзбекистон анқариб ҳамарӯза то 60 мавриди ҷадиди мубталошавӣ ба маризии коронавирус сурат мегирад

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Дар сурати бо чунин суръат афзоиш ёфтани мубталошавии ҳамарӯзаи шаҳрвандон ба коронавирус, қарантин боз шадидтар хоҳад шуд.

Дар ҳоле, ки чанде пеш дар аксар манотиқҳои Ӯзбекистон бинобар беҳбуд ёфтани вазъият дар робита ба авҷи коронавирус, маҳдудиятҳо то андозае сабуктар шуданд.

Дар ҳамин ҳол, муовини вазири тандурустии Ӯзбекуистон Баҳодур Юсупалиев мегӯяд, агар вазъият ба ҳамин минвол идома ёбад, қарантин дигарбора сахт хоҳад шуд.

Бухоро, панҷумин минтақаи Ӯзбекистон пурра аз коронавирус наҷот ёфт

Ба изҳори Юсупалиев, ҳамарӯза теъдоди мавориди нави мубталошавӣ то 60 ҳолат афзоиш меёбад. Муовини вазир далели афзоиш ёфтани мавридҳои нави сироятшавӣ аз коронавирусро  ба риоя накардани талаботи пешгирӣ аз паҳншавии ин вирус рабт дод.

Зимнан, Юсупалиев қайд намудааст, ки сироятшавӣ аслан миёни нафароне, ки ба ҷойи кори худ баргаштанд мушоҳида мешавад.

"Дар айни ҳол, мо бояд ҳушёр бошем. Бо фаро расидани тирамоҳ эҳтимол мавҷи дуюми хуруҷи ин маризӣ сар занад", - илова намудааст муовини вазир.

Ёдовар мешавем, ки қаблан мақомоти Ӯзбекистон карантини зидди паҳншавии коронавирусро дар кишвар то 1 июн тамдид карда буд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (591)
Барчаспҳо:
афзоиш, сироят, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ