02:28 12 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.16
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
104 0 0

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз ду ҳазор бемори нав ва беҳбудии ҳудуди 161 ҳазор нафар аз беморони КОВИД-19 дар Эрон хабар дод

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Симосодоти Лорӣ рӯзи шанбе дар бораи охирин омори беморони КОВИД-19 дар Эрон ба хабарнигорон гуфт, бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта ду ҳазору 322 бемори нави мубтало ба КОВИД-19 дар кишвар шиносоӣ шуданд, ки 595 нафар бистарӣ шуданд ва бақияи беморон низ пас аз муоина давраи дармонро дар хонаҳояшон хоҳанд гузаронд, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.

Лорӣ афзуд, ки маҷмӯи беморони КОВИД-19 дар Эрон ба 202 ҳазору  584 нафар расидааст.

Вай гуфт, дар 24 соати гузашта 115 бемор ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ низ ба 9 ҳазору 507 нафар расид.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон то кунун 161 ҳазору  384 нафар аз беморон, беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Теъдоди ашхоси мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз ҳашт миллиону ҳафтсад ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод камаш 463 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода ва ҳудуди чаҳор миллиону 643 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфтаанд.

Барчаспҳо:
вирус, пизишк, дармон, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ