14:44 07 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (688)
709510

Дар Ӯзбекистон хонаводае давоми чаҳор рӯз ду маросими арӯсӣ баргузор намуд, ки дар натиҷа яке аз арӯсон ва 12 меҳмон мубталои коронавирус шуданд

ДУШАНБЕ, 21  июн — Sputnik. Наварӯс ва 12 меҳмон дар Тошканди Ӯзбекистон пас аз анҷоми тӯй ба маризии коронавирус гирифтор шуданд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба маълумоти Вазорати тандурустии ин кишвар.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур дар ноҳияи Юнусобод рух додаст. Сокини ин ноҳия давоми чаҳор рӯз ду фарзандашро оиладор намуд. Аммо фарҷоми ин маросими хурсандӣ ба гирифтор шудани яке аз арӯсон ва 12 меҳмон ба маризии коронавирус анҷомид.

Гуфта мешавад, алъон ташхиси даҳҳо нафар аз меҳмононро барои коронавирус супориданд ва аксариятро ба қарантини хонагӣ ва ё  муассисаи табобатӣ фаро гирифтанд.

Аз гигиена то Гиёев: муаммои ақибнишинии “вируси корона” дар Тоҷикистон

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки ин ҳодисаи нахустин аз маросими арӯсӣ набуда, қаблан низ дар вилояти Сурхандарё пас аз анҷоми тӯй 250 меҳмон мавриди қарантин қарор гирифтанд.

Зикр мегардад, ки иллати асосӣ ин риоя нагардидани чораҳои амниятӣ аз ҷониби шаҳрвандон ва ҳузури барзиёди меҳмонон дар чунин чорабиниҳо мебошад.

"Тӯй ва азодорӣ мераванд": Қирғизистон аз эҳтимоли шадид шудани тадобир ҳушдор медиҳад

Дар Тоҷикистон низ пас аз танаффуси чанд моҳа баргузории тӯйи арӯсӣ аз сар гирифта шуд. Ҳанӯз 17 - уми июн, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID -19 қарор қабул кард, ки сар аз 20 уми июн дар ҷумҳурӣ, барои гузаронидани туйҳои хонадоршавӣ иҷозат дода шавад.

Бар асоси ин қарори Ситод ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии “вируси корона” туйҳои хонадоршавӣ муваққатан бо ширкати танҳо 100 нафар иҷозат шудааст.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (688)
Барчаспҳо:
маризӣ, меҳмонон, арӯсӣ, тӯй, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ