03:02 08 августи 2020
Пахши мустақим
  • RUB0.14
  • USD10.31
  • EUR12.20
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (688)
667 0 0

Сухангӯи нахустин президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев вазъи саломатияшро хуб арзёбӣ кард. Ба гуфтаи ӯ Назарбоев худро хуб ҳис мекунад

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Айдос Укибой сухангӯи собиқ раисҷумҳури Қазоқистон вазъи саломатии Назарбоевро шарҳ дод, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон. 

"Нурсултон Назарбоев худро хуб ҳис мекунад, беморӣ дар шакли сабук ҷараён дорад, ҳарорат мӯътадил аст. Нахустин президенти Қазоқистон таҳти назорати табибон қарор дорад. Ба гуфтаи онҳо, ягон нигаронӣ вуҷуд надорад", - афзудаст Укибой.

Ба гуфтаи сухангӯй, аз рӯзе, ки мубталошавии Назарбоев ба коронавирус дақиқ шуд, ӯ фавран худро қарантини хонагӣ кард. Аммо дар шароити хона ба фаъолияти худ идома медиҳад.

Гузашта аз ин, сухангӯи нахустин кишвардори Қазоқистон таъкид кард, мактубҳое, ки раисҷумҳурони кишварҳои гуногун унвонии ӯ ирсол мекунанд, бевосита худаш мехонад.

"Барои Нурсултон Назарбоев ҳама мактубҳо пурарзишанд. Маҳз ягонагии одамон, таманниёти самимона ва меҳрубононаи онҳо ба Назарбоев қувваи тоза мебахшанд", - тавиштааст сухангӯй дар Твиттер.

Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз гирифтор шудани Назарбоев ба коронавирус

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба Нурсултон Назарбоев дар робита ба гирифторияш ба коронавирус барқия фиристода буд.

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Нурсултон Назарбоев шифои оҷилу комил таманно кардааст.

"Бо эҳсосоти нигаронӣ ва изтироб хабари гирифтор шудани Шуморо ба бемории коронавирус дарёфтам. Мехоҳам ба Шумо дастгирии бародарона ва ҳамаҷонибаи ин ҷонибро иброз намоям. Сидқан ба Шумо шифои ҳарчи зудтару комил, қавирӯҳӣ, саломатии бардавом ва некӯаҳволӣ таманно дорам. Лутфан, Нурсултон Абишевичи гиромӣ, ғояти эҳтироми манро бипазиред", - омадааст дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон ба Нурсултон Абишевич.

Хабари гирифтории Нурсултон Назарбоев ба коронавирус 18 - уми июн расонаӣ шуд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (688)

Мавзӯъҳои асосӣ