00:03 03 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (587)
421 0 0

Ин нахустин ҳолати фавт аз коронавируси навъи COVID - 19 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар миёни духтурон мебошад

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Дар Ӯзбекистон 21-ум бемор аз коронавруси навъи COVID - 19 ҷон бохт, хабар медиҳад Вазорати тандурустии ин кишвар.

Ин бор пизишки 52-солаи табобатхонаи Яккасаройи Тошканд қурбони вируси короно шуд.

Аз 14 июн инҷониб ин мард дар маркази карантинии "Уртасарой" ноҳияи Юкоричиркики вилояти Тошканд кор мекард.

Вазъи саломатии пизишк рӯзи 23 июн бад шудааст.

Аввал духтурро дар табобатхонаи сироятии Зангиатин ва баъдтар дар Институти таҳқиқотии эпидемиология, микробиология ва бемориҳои сироятӣ бистарӣ кардаанд.

Рӯзи 26 июн аҳволи пизишк бадтар шудааст ва ӯро ба шуъбаи эҳё бурдаанд.

Манбаъ афзуда, ки ба ёрии духтурон нигоҳ накарда, пизишк аз бемории инфаркти миокарда ва норасоии шадиди роҳи нафас вафот кардааст.

Ин нахустин ҳолати фавт аз COVID - 19 миёни пизишкони Ӯзбекистон мебошад.

Дар умум то имрӯз дар Ӯзбекистон 7 813 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуда, 5 248 аз ин маризӣ шифо ёфта ва 2 544 таҳти назорати табибон қарор доранд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (587)
Барчаспҳо:
Ӯзбекистон, пизишк, даргузашт

Мавзӯъҳои асосӣ