00:28 03 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
131 0 0

Дар Қирғизистон теъдоди ҳолатҳои ҷадиди мубталошавӣ ба коронавирус ва ҳамчунин шумораи қурбониён рӯ ба афзоиш аст

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Шабонарӯзи ахир дар Ҷумҳурии Қирғизистон боз 3 маризи коронавирус фавтидаанд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Манбаъ аз қавли муовини вазири тандурустии ин кишвар Нурбулот Усенбоев хабар медиҳад, ки се қурбонӣ 54, 61 ва 67 - сола буданд, ки дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол ёфта ёфтанд.

Зимнан, муовини вазир тавзеҳ додааст, ки марҳумон дар баробари маризии коронавирус боз аз чанд касалии дигар низ азият мекашиданд.

Нурбулот Усенбоев ҳамчунин аз 269 мавориди ҷадиди гирифторшавӣ ба ин маризӣ давоми як рӯз хабар дод. Ба гуфтаи ӯ аксар маризон намедонанд, ки дар куҷо ва дар кадом шароит ба ин беморӣ гирифтор шуданд.

Афзоиши фавт аз коронавирус дар Қирғизистон: 45 мариз дар ҳолати вазнин қарор доранд

Ба ҳамин минвол, дар Қирғизистон акнун шумораи умумии қурбониёни вируси COVID - 19 ба 50 нафар баробар шуд.

Ҳамчунин теъдоди умумии маризони коронавирус ба 5017 нафар расидааст. Тайи чанд рӯзи ахир, анқариб ҳамарӯза беш аз 200 ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин маризӣ сабт мегардад.

Шумораи рекордии гирифторшавӣ ба ин беморӣ рӯзи шанбе сабт гардида буд. Он рӯз 306 нафар тоза мубталои бемории коронавирус гардиданд.

Барчаспҳо:
афзоиш, фавт, маризӣ, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ