04:20 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
59010

Шавкат Мирзиёев аз шаҳрвандони Ӯзбекистон даъват намуд, ки ба ҳаёти худ ва наздиконашон беаҳамият набошанд. Ӯ мегӯяд дар сурати пайдо шудани нахустин нишонаҳои ин беморӣ фавран ба табибон муроҷиат намоянд

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар як муроҷиати видео ба шаҳрвандони ин кишвар аз хусуси мубориза бурдан бо маризии коронавирус ҳарф зад.

"Имрӯз ҳамаи мо шоҳиди идома ёфтани пандемияи коронавирус ҳастем. Мавҷи дуюми ин беморӣ дар аксар кишварҳои ҷаҳон сар задааст, ки бисёр нигаронкунанда аст", - афзудааст Мирзиёев.

Ба гуфтаи вай, мутаассифона, ҳеҷ гуна "доруи сеҳрноке" вуҷуд надорад, ки барои зуд бартараф кардани пандемия кӯмак кунад.

Раисҷумҳур зикр намуд, ки Ӯзбекистон барои пешгирӣ аз паҳншавии ин маризӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода истодааст.

Ӯ таъкид намуд, ки маҳз талоши пизишкон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ аст, ки вазъи нисбатан мӯътадили эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ нигоҳ дошта мешавад.

Дуои Мирзиёев дар ҳаққи Назарбоев: "дар ин айёми душвор ман бо шумоям"

Аммо кишвардори Ӯзбекистон аз бад шудани вазъият дар ҳафтаи охир изҳори нигаронӣ кард.

Баргузор гардидани тӯю маъракаҳо, риоя накардани фосилаи иҷтимоӣ ва гашту гузор бидуни ниқобро, раисҷумҳур аз омилҳои асосии бад шудани вазъият дар ҳафтаи охир арзёбӣ кард.

"Дар ҳафтаи аввали моҳи июл шумораи шахсони мубталои коронавирус 2167 нафар афзоиш ёфт. Аз он ҷумла, 1,267 (58%) ҳодиса дар байни аҳолӣ ошкор карда шудааст. Ин баландтарин нишондиҳанда дар давраи карантин мебошад. Мутаассифона, шумораи фавтҳо низ афзоиш меёбад, ки ин ҳолат бояд ҳамаи моро нигарон кунад", - таъкид намуд президент.

Гузашта аз ин Мирзиёев ба бепарвогии шаҳрвандон нисбати ин маризӣ таъкид намуда, дархост кард ,ки ба худдавоӣ дар хона машғул нашаванд, чун оқибати ин кор ба хубӣ намеанҷомад.

"Бори дигар ба ҳамватанони мо муроҷиат мекунам: набояд ба ин бемории хатарноке, ки ҳаёти ҳазорон нафарро рабуд беэътиноӣ кунед. Агар нишонаи ночизе аз ин бемориро дар вуҷуди худ эҳсос намудед, пас фавран ба духтур муроҷиат кунед. Дар хона худмуолиҷаигӣ накунед, ки оқибати нохуб, ҳатто боиси марг шуда метавонад. Ба ҳаёти худ ва аъзои оилаатон бепарво набошед", - даъват намуд Шавкат Мирзиёев.
Барчаспҳо:
мардум, дархост, Шавкат Мирзоев

Мавзӯъҳои асосӣ