02:25 12 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.16
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
220 0 0

Раисҷумҳури Эрон, идораи кишвар бо камтарин вобастагӣ ба нефтро қудратнамоии кишвараш дар ҷанги иқтисодӣ тавсиф кард

ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Ҳасан Рӯҳонӣ ахиран дар ҷаласаи ситоди ҳамоҳангии иқтисоди давлати Эрон гуфт, амрикоиҳо интизор доштанд чанде пас аз оғози таҳримҳо, тавсеаи иқтисодии Эрон мутаваққиф шавад аммо имрӯз кишвар бо барномарезӣ ва такя бар иқтисод бидуни нафт идора мешавад, ки ин, қудратнамоӣ ва пирӯзии бузурге барои миллати Эрон дар ҷанги иқтисодӣ аст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Рӯҳонӣ ҳамчунин бо ишора ба асароти вируси корона бар вазъияти кунунии иқтисоди кишварҳои ҷаҳон гуфт, дар шароите, ки ҳатто бархе кишварҳои тавсеаёфта низ дар таъмин ва тавзеи ниёзҳои рӯзмарраи мардум бо мушкил мувоҷеҳ шуданд, Эрон бо тадобири вижа ва омодагии сохторҳо ва дастгоҳҳо ва бо ҳамкории мардум, аз мушкилот убур кард. 

Рӯҳонӣ таъмини ниёзҳои зарурии мардум ва тавлидкунандагонро аз авлавиятҳои давлати Эрон баршумурд ва гуфт, бо талоши ҳамаҷонибаи масъулон, токунун ниёзҳои асосӣ ва зарурии мардум ва тавлидкунандагон таъмин шудааст.

Барчаспҳо:
тавсиф, иқтисодӣ, иқтисод, қудрат, нафт, Раисҷумҳур, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ