13:59 07 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
148 0 0

Таркиши бомб дар шаҳристони Саробӣ наздикии Кобули пойтахти Афғонистон 16 нафарро кушта ва даҳҳо нафари дигарро захмӣ кард

ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Ба гузориши радиои Садоии Хуросон, полиси шаҳристони Саробӣ дар шарқи шаҳри кобул эълом кард, ин инфиҷори зуҳри рӯзи сешанбе  замоне рӯй дод, ки минаи канори ҷодае дар масири убури мошини ҳомили ғайринизомиён мунфаҷир шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин инфиҷор  панҷ  ғайринизомӣ ҷон бохтанду 11 нафари дигар захмӣ шуданд.

Бар асоси ин гузориш, шуморе аз кушта ва захмӣ шудагони ин инфиҷор  занону кӯдакон ҳастанд.

Фармондори шаҳристони Саробии Кобул  ин минагузориро кори гурӯҳи Толибон дониста аст.

Аммо масъулияти ҳодисаро то ҳол ҳеҷ гурӯҳе ба дӯш нагирифтааст. Гурӯҳи Толибон ҳам дар ин бора изҳороте накардаанд.  

Ёдрас мешавем, дар Афғонистон муҳорибаи шадиди толибон ва ҳукумат идома дорад. Гурӯҳи радикалӣ қисми калони деҳаҳои Афғонистонро таҳти нуфузи худ қарор дода, ба шаҳрҳои калон ҳуҷум мекунад.

Ҳамчунин, дар кишвар нуфузи гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" зиёд мешавад.

Барчаспҳо:
Толибон, захмӣ, кушта, таркиш, Кобул, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ