10:35 14 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.21
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (702)
784 0 0

Дар Қирғизистон давоми як шабонарӯзи ахир дасти кам 38 маризи коронавирус ҷон аз даст доданд. Маргу мири зиёд аз ҳама беш дар пойтахт, шаҳри Бишкек сурат мегирад

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik.  Вазорати тандурустии Қирғизистон омори ҷадиди фавти як рӯзи ахир аз маризии сироятии коронавирусро нашр намуд.

Бар хабари вазорат, шабонарӯзи ахир дасти кам 38 дардманди коронавирус ҷон аз даст доданд. Гуфта мешавад, мизони бештари маргу мир аз ин беморӣ ба пойтахти Қирғизистон - шаҳри Бишкек рост меояд.

Фавти 70 маризи коронавирус дар як рӯз: омори даҳшатбор дар Қирғизистон

Агар дар 7 минтақаи Қирғизистон аз 2 то 5 ҳолати фавт сабт гардида бошад, дар шаҳри Бишкек якбора 13 мавриди ҳалокати беморон аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Манбаъ меафзояд, аз замони авҷ гирифтани ин беморӣ дар Қирғизистон 1249 нафар қурбон гардиданд, ки дар қиёс ба маргу мир аз ин беморӣ дар Тоҷикистону Ӯзбекистон чанд маротиба зиёдтар аст.

Қобили зикр аст, ки сар аз 17 - уми июл Вазорати беҳдошти Қирғизистон омори коронавирус ва илтиҳоби шушро якҷоя намудааст.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (702)
Барчаспҳо:
фавт, маризӣ, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ