12:04 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
6410

Намояндаи вижаи вазири умури хориҷаи Эрон дар умури Афғонистон, дар вокуниш ба изҳороти намояндаи вижаи Амрико гуфт, ки Эрон аз сулҳу субот дар Афғонистон ҳимоят мекунад

ДУШАНБЕ, 26 июл – Sputnik. Зелмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон ахиран дар изҳороте муддаӣ шуд, Эрон аз талошҳо барои барқарории сулҳ дар Афғронистон ҳимояти кофӣ намекунад.

Роҳи ҷадид: содироти молу коло аз Эрон ба Тоҷикистон ва Қирғизистон аз масири Афғонистон

Ба нақл аз сомонаи “Парстудей”, Муҳаммадиброҳими Тоҳириёнфард, намояндаи вижаи вазири умури хориҷаи Эрон дар умури Афғонистон рӯзи якшанбе гуфт,  Эрон аз сулҳу субот дар Афғонистон ҳимоят ва бар зарурати поягузории сулҳ бар мабнои натоиҷи гуфтугӯҳои байналафғон, ки бо моликият ва раҳбариии афғонҳо анҷом гирад, таъкид мекунад.

Эрон барои мубориза бо вируси корона ба Афғонистон кумаки пизишкӣ расонд

Вай ҳамчунин ба мақомоти амрикоӣ тавсия кард, қабл аз изҳори назар дар бораи дидгоҳҳои масъулони Эрон дар хусуси масоили минтақа ва Афғонистон, ибтидо ин мавозеъро бодиққат мутолиа кунанд.

Барчаспҳо:
ҳимоят, субот, сулҳ, Амрико, вокуниш, Афғонистон, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ