08:34 12 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.16
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
57 0 0

Ашрафғанӣ Аҳмадзай, раисҷумҳури Афғонистон дастури озодии ҳазору 500 зиндонии Толибонро хориҷ аз феҳристи эъломшудаи ин гурӯҳ содир кард

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Афғонистон рӯзи ҷумъа, пас аз иқомаи намози иди саиди Қурбон гуфт, ин гурӯҳ аз зиндониёни Толибон дар ояндаи наздик озод хоҳанд шуд, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.

Ашрафғанӣ афзуд, дар бораи 400 зиндонии дигари Толибон, Луи Ҷирга (маҷлиси бузургони Афғонистон) тасмимгирӣ хоҳад кард.

Бо озодии ин 400 нафар, шумори зиндониёни озодшудаи Толибон ба ҳудуди панҷ ҳазору 100 нафар мерасад.

Толибон ба муносибати иди саиди Қурбон аз имрӯз се рӯз оташбас эълом карда ва аз афроди худ хостааст, ки дар ин айём ҳамлае алайҳи нерӯҳои давлатӣ анҷом надиҳанд.

Давлати Афғонистон низ бо ин пешниҳод истиқбол карда ва тамдиди онро хостор шудааст.

Толибон эълом кардааст, бо озод шудани тамоми зиндониёни ин гурӯҳ аз сӯи давлати Ашрафғанӣ, музокироти сулҳ миёни афғонҳо оғоз хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки ахиран бар асари як инфиҷори худрави бомбагузоришуда дар маркази вилояти Лугар дастикам 18 нафар кушта ва 22 нафари дигар захмӣ шуданд, аммо Толибон эълом кард, дар ин инфиҷор даст надоштааст.

Ҳоли бархе аз захмиҳои ин инфиҷори террористӣ вахим гузориш шудааст.

Шуморе зан ва кӯдак миёни куштаҳо ва захмиҳо ҳастанд.

Барчаспҳо:
Раисҷумҳур, озод, зиндонӣ, Толибон, Ашрафғанӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ