Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Аз 17 август дар Ӯзбекистон ҳаракати нақлиёт байни шаҳрҳо барқарор мешавад

Обуна шудан
Читпаҳоро барои ҳаракати миёни шаҳрҳо, метавон аз автовокзали шаҳри Тошканд ё тариқи хизматрасонии онлайн дастрас кард

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бар зидди коронавируси навъи COVID - 19 дар Ӯзбекистон қарор карда, ки аз 17 август ҳаракати нақлиёти миёни шаҳрҳо барқарор карда шавад.

В Узбекистане выздоровели еще пятеро заболевших коронавирусом - Sputnik Тоҷикистон
Афзоиши маризони COVID - 19 дар Ӯзбекистон: аз 30 ҳазор гузашт

Читпаҳо дар автовокзали шаҳри Тошканд ва портали Uztrans.uz. ба фурӯш гузошта шудаанд.

Коршиносони рус барои мубориза бо коронавирус ба Ӯзбекистон мераванд

Дар Вазорати нақлиёти кишвар таъкид карданд, ки агар вазъи эпидемиологӣ дар кишвар боз вазнин шавад, реҷаи ҳаракати нақлиёт метавонад, тағйир ёбад.

Ёдовар мешавем, ки аз 17 август дар Ӯзбекистон ҳаракати ҳамагуна нақлиёт барқарор мешавад ва ҳамчунин метрои шаҳри Тошканд низ ба кор оғоз мекунад.

Бар пояи гузориши Вазорати беҳдошти Ӯзбекистон дар кишвар 34 528 ҳолати гирифторӣ бо коронавирус сабт шудааст.

Дар ҳоли ҳозир 4975 кас дар беморхонаҳои гуногуни Ӯзбекистон таҳти назорати табибион қарор доранд.

То 15 август аз маризии коронавирус дар Ӯзбекистон 29 328 кас шифо ёфт.

Лентаи хабарҳо
0