00:53 24 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
44810

Муделҳои нави нақлиёти махсус барои хадамоти кӯмакро шахсан президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев диду санҷид

ДУШАНБЕ, 23 авг – Sputnik. Кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз нақлиёти махсусе боздид кард, ки дар назар аст дар Ӯзбекистон истеҳсол шаванд, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.

Мошинҳои мудели нави ёрии таъҷилӣ дар ҳамкории АК "Узавтосаноат" ва Volkswagen истеҳсол карда мешаванд.

Дар умум се мудели мошинҳо коркард шудааст, ки ба ҳамагуна ниёзи инсон ҷавобгӯй мебошад.

1 / 4
Президент Узбекистана осмотрел специальные автомобили, которые планируется производить в республике

Мирзиёев муҳиммияти истеҳсол ва ба содирот баровардани мошинҳоро қайд кард.

Истеҳсоли автомобилҳои мудели нав аз соли оянда ба роҳ монда мешавад.

Интизор меравад, ки истеҳсоли нақлиёти нав барои Ӯзбекистон ва содирот ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст.

Барчаспҳо:
истеҳсолот, омодагӣ, Шавкат Мирзиёев, Ӯзбекистон

Мавзӯъҳои асосӣ