08:09 28 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
169 0 0

Вазорати тандурустии Қирғизистон моори нави гирифторон, шифоёфтагон ва фавтидагон аз COVID - 19 - ро нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 23 авг – Sputnik. Дар Қирғизистон давоми шабонарӯзи гузашта 134 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID - 19 сабт шудааст, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба омори Вазорати беҳдошт.

Дар умум то имрӯз дар Қирғизистон 43 023 кас мубталои коронавируси COVID - 19 шудааст.

Коршиносони рус барои мубориза бо коронавирус ба Ӯзбекистон мераванд

Тибқи иттилои Вазорати беҳдошти Қирғизистон шабонарӯзи гузашта 134 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID - 19 сабт шуда, 341 бемор шифо ёфтааст.

Дар давоми 24 соати гузашта дар Қирғизистон як бемор дар вилояти Ош аз коронавирус ҷон бохт. 

Дар умум аз аввали ҳамагирии коронавирус 1 056 кас қурбони ин вабои аср шудааст.

Барчаспҳо:
беморон, вируси нав, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ